Ru  | Tj
Тоҷикистону Туркия имсол ҳамоишҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Туркия имсол ҳамоишҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил мекунанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Туркия имсол ҳамоишҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил мекунанд

Нашр шуд

Дар Истанбул раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба  Тоҷикистон ва вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши "Ховар",  Сафири  Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов рӯзи 8-уми апрел бо Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак мулоқот анҷом дод.

Тарафҳо дар ин дидор  дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдо миëни ду кишвар ва раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.

Манбаъ меафзояд, Гулов ва Олпак ба тавофуқ расидаанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи бонкдорӣ ва энергетика дар соли ҷорӣ ҳамоишҳои сармоягузорию тиҷоратӣ  ташкил карда шаванд.

Бояд гуфт, ки муносиботи Тоҷикистону Туркия дар ҳама арсаҳо ба таври назаррас рушд меëбад.

Моҳи ноябри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни дидор дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ таъкид карда буд, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил додааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкорӣ ба маротиб бештар аз ин нишондиҳанда ҳастанд.



Дар Маскав роҳҳои афзоиши содирот аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед