Ru  | Tj
Толибон дар Ҳирот сохтмони сарбанди «Пошдон»-ро аз сар гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон дар Ҳирот сохтмони сарбанди «Пошдон»-ро аз сар гирифтанд
Акс: etilaatroz.com

Толибон дар Ҳирот сохтмони сарбанди «Пошдон»-ро аз сар гирифтанд

Нашр шуд

Масъулони маҳаллии Толибон* дар Ҳирот мегӯянд, ки сохтмони сарбанди «Пошдон» пас аз танаффуси дусола аз сар гирифта мешавад. Сохтмони ин сарбанд дар соли 2010 оғоз шуда, пас аз дубора ба тасарруфи Толибон расидани Афғонистон қатъ шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Толибон, 70 дарсади сохтмони ин сарбанд анҷом шуда, 30 дарсади боқимонда ба зудӣ анҷом хоҳад ёфт.

Нисор Аҳмад Илиёс, сухангӯйи волии Толибон дар Ҳирот рӯзи 29-уми май ба рӯзномаи «Иттилооти рӯз» гуфтааст, ки муҳандисон ба ин вилоят омада, корҳои асосиро аз сар гирифтаанд.

Вай афзуд, ба зудӣ бо ҳузури мақомоти марказии Толибон корҳои бунёдии сохтмони сарбанди Пошдон оғоз мешавад. Гуфта мешавад, ки маблағи умумии сохтмони сарбанди Пашдон 117 миллион доллар аст.

Сарбанди Пошдон дар рӯдхонаи Ҳарирӯд дар 20 километрии шаҳри Ҳирот сохта мешавад. Ин рӯдхона аз ноҳияи Лаъл ва Сарҷанғали Ғур сарчашма мегирад ва аз вилоятҳои Ғӯру Ҳирот мегузарад ва аз марзи муштараки Афғонистон ва Эрон ба қаламрави Туркманистон ворид мешавад. Ин сарбанд иқтидори тавлиди ду мегаватт нерӯи барқ ва обёрии ҳудуди 13 ҳазор ҳектор замини кишоварзиро дорад.

Сохтмони сарбанди Пошдони Ҳирот дар ҳоле оғоз мешавад, ки таниш бар сари об миёни Эрон ва Афғонистон дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст. Эрон иддао дорад, ки Афғонистон ҳаққи оби ин кишварро аз рӯдхонаи Ҳилманд таъмин намекунад, аммо Толибон иддао доранд, ки об кофӣ нест.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта Толибон дар Фарроҳ ба сохтмони каналҳои оби сарбанди Бахшобод низ шурӯъ карданд.

Бояд гуфт, ки сохтмони сарбандҳо дар рӯдхонаҳои Афғонистон мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон шудааст. Аз ҷумла сохтмони канали оби Қуштеппа аз рӯдхонаи Ому нигаронии ҳамсояҳои шимолии Афғонистон, бахусус Ӯзбекистонро низ ба бор овардааст.

 

*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед