Ru  | Tj
Транзити бор миёни Тоҷикистон ва Узбекистон осон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Транзити бор миёни Тоҷикистон ва Узбекистон осон мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Транзити бор миёни Тоҷикистон ва Узбекистон осон мешавад

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави худ осон мекунанд. Дар ин замина зимни сафари ахири Шавкат Мирзиёев ба Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст. Дар ин бора Вазорати таробарӣ (нақлиёт)-и Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилоъи ин ниҳод, дар ҷараёни сафари ахири Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон ба Тоҷикистон дар баробари дигар асноди ҳамкорӣ тафоҳумнома барои сода кардани низоми транзити мошинҳои борбар миёни ду кишвар низ ба имзо расид.

Тибқи ин санад ба созишномаи байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ тағйиру иловаҳо ворид шуд.

Мувофиқи ин санади имзошуда, гузариши транзитии василаҳои нақлияи боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ хоҳад шуд. Низоми нав баъди тасвиби санад аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад.

Бояд гуфт, дар айни замон тибқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ зимни интиқоли мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистону Узбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо,  рухсатнома талаб карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он қариб ҳамаи масъалаҳои то он замон ҳалношудаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаҳои марзиро ба миён гузошта, дар бораи бекор кардани низоми раводид ба муҳлати то 30 рӯз барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин фаъолияти пурраи гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистонро аз сар гирифта, робитаҳои дуҷонибаи нақлиётӣ, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор карданд. Дар ин замина пардохтҳоро барои мошинҳои сабукрав ва автобусҳое, ки аз қаламрави ду кишвар бо транзит мегузаранд, бекор карда шуд.

Феълан дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.

Дар айни замон ҳамлунақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни  рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед