Ru  | Tj
Узбекистон дар оянда солона то 500 ҳазор мошини гибридӣ ва барқӣ тавлид хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон дар оянда солона то 500 ҳазор мошини гибридӣ ва барқӣ тавлид хоҳад кард
Акс: nova24.uz

Узбекистон дар оянда солона то 500 ҳазор мошини гибридӣ ва барқӣ тавлид хоҳад кард

Нашр шуд

Раисҷумҳури Узбекистон қарордоди таъсиси истеҳсоли худравҳои гибридӣ ва барқӣ бо ширкати чинии BYD-ро тасдиқ кард. Дар соли 2024 иқтидори истеҳсолӣ бо усули бандубасти хурд ба 50 ҳазор ва дар оянда ба 500 ҳазор адад ва ҳаҷми сармоягузорӣ бояд 160 милён долар расонида шавад. Дар ин бора вебгоҳи gazeta.uz иттилоъ медиҳад.
 
Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон рӯзи 18-уми март қарор дар бораи тасвиби созишномаи сармоягузорӣ барои ташкили истеҳсоли худравҳои гибридӣ ва барқии BYD ва ҷузъҳои он дар ин кишварро имзо кард.
 
Ёдовар мешавем, ки “Узавтосаноат” ва ширкати чинии BYD Auto дар заминаи истеҳсоли худравҳо дар Узбекистон моҳи августи соли 2022 ба мувофиқа расида буданд.
 
Тибқи ин қарор, сармоягузор ва корхонаи муштарак дар чаҳорчӯби уҳдадорихои худ бояд дар тамоми давраи татбики лоиҳа ба маблағи умумии 160 милён долар, аз ҷумла сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи 60 милён долар ҷалб кунад.
 
Дар марҳилаи аввал дар соли 2024 истеҳсоли худравҳои барқӣ ва гибридӣ бо усули бандубасти хурд ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолӣ ба 50 ҳазор адад расонида мешавад. Дар марҳалаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолӣ дар як сол то 500 ҳазор адад расонида мешавад.
 
Хотиррасон мекунем, ки “Узавтосаноат” ва ширкати чинии BYD Auto дар моҳи январи соли 2023 корхонаи муштараки “BYD Uzbekistan Factory”-ро дар заминаи тавлиди худравҳои барқӣ бо ҳиссаи 60% ва 40% таъсис доданд.
 
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Узбекистон фурӯши худравҳои барқӣ 4,3 баробар афзуда, ба 25,7 ҳазор адад расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед