Ru  | Tj
Узбeкистон дар соли 2024 воридоти газро аз Русия се маротиба афзоиш медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбeкистон дар соли 2024 воридоти газро аз Русия се маротиба афзоиш медиҳад
Акс: «Узтрансгаз»

Узбeкистон дар соли 2024 воридоти газро аз Русия се маротиба афзоиш медиҳад

Нашр шуд

Мақомоти Узбeкистон қасд доранд, то соли 2024 воридоти газро аз Русия тавассути Қазоқистон се маротиба афзоиш диҳанд, хабар медиҳад хабаргузории ТАСС.

Соли 2024 ҳаҷми интиқоли гази Русия аз тариқи Қазоқистон ба Узбекистон нисбат ба соли гузашта тақрибан 3 баробар афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар медиҳад.

«Дар чаҳорчӯби созишномаи имзошуда дар заминаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни «Газпром» ва ҳукумати Қазоқистон афзоиши ҳаҷми солонаи интиқоли гази Русия ба Узбекистон аз 1,28 милярд метри мукааби соли 2023 то ба 3,8 милярд метри мукааб дар соли 2024 муайян карда шуд”, - хабар медиҳад вазорат.

Бояд гуфт, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 раисони ҷумҳури се кишвар ба гузори гази табиъии Русияро аз қаламрави Қазоқистон ба Узбекистон тавассути лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Марказ” оғоз бахшиданд.

Тибқи созишномаи байни «УзГазТрейд» ва «Газпром», интиқоли газ рӯзона ба 9 милён метри мукааб ё 2,8 милярд метри мукааб дар як сол баробар аст. Ба навиштаи "Коммерсант", ин ҳаҷми газ 448 милён долар, яъне 160 долар барои 1000 метри мукааб газ арзиш хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки мақомоти Узбакистон қасд доранд шабакаи асосии газрасонӣ дар ин кишварро ба маблағи 500 милён долар бозсозӣ кунанд, то ҳаҷми воридоти газро аз Русия афзоиш диҳанд.

Гуфта мешавад, ки соли 2023 воридоти газ  ба Узбакистон нисбат ба содироти он аз ин кишвар бештар шуда, тафовути он аз 165 милён долар гузашт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед