Ru  | Tj
Узбекистон сарҳадҳоро мекушояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон сарҳадҳоро мекушояд

Узбекистон сарҳадҳоро мекушояд

Нашр шуд

Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 октябри соли ҷорӣ ҳамаи маҳдудиятҳои соҳаи нақлиёти заминию ҳавоиро мебардорад. Комиссияи махсус ба қароре омадааст ки барои барқарорсозии соҳаи савдо, сармоягузорӣ ва туризм бояд сарҳадҳоро кушод. Аммо ширкатҳои сайёҳӣ бояд аз сайёҳону меҳмонон ҳамроҳи суғуртаи тибби натиҷаи ташхиси манфии Covid-19 талаб намоянд.

Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ соати 18.00 ба вақти Тошканд, дар Ӯзбекистон 49 627 (+612) COVID-19 ҳолатҳо ошкор карда шуданд. 3244 нафар беморон бо ташхиси мусбат дар бемориҳои сироятӣ табобат мегиранд. Шумораи умумии одамони сиҳатшуда 45 970 (+548) нафарро ташкил медиҳад. Ин 92,6% шумораи умумии касалиҳоро ташкил медиҳад. Теъдоди қурбониёни коронавирус ба 413 нафар афзоиш ёфт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед