Ru  | Tj
Узбекистон воридоти гази табиъиро 2,4 баробар афзоиш дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон воридоти гази табиъиро 2,4 баробар афзоиш дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон воридоти гази табиъиро 2,4 баробар афзоиш дод

Нашр шуд

Дар семоҳаи аввали соли равон Узбекистон ба маблағи 360 милён доллар гази табиъӣ ворид кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,4 баробар бештар аст. Дар ин бора дафтари матбуъотии Ожонси омори Узбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки афзоиш аз ҳисоби воридоти гази Русия ба Узбекистон, ки моҳи октябри соли 2023 оғоз шуда буд, сурат гирифт.

Дар идома зикр мешавад, ки ҳамзамон содироти газ аз Узбекистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 45,4 милён доларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 дарсад зиёд аст.

Аз сӯйи дигар тибқи омори расмӣ, ҳаҷми истихроҷи газ дар Узбекистон дар ин муддат 11,6 милярд метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9% камтар аст.

Ёдовар мешавад, ки моҳи июни соли 2023 Узбекистон бо ширкати "Газпром" барои хариди 2,8 милярд метри мукааб газ дар як сол  қарордоди дусола баст. Моҳи декабри соли гузашта бо дархости Тошканд ширкати "Газпром" интиқоли газро ду баробар афзоиш дод.

Гази Русия тавассути лӯлаи "Осиёи Марказӣ - Марказ" бо транзит аз қаламрави Қазоқистон ба Узбекистон интиқол дода мешавад. Интизор меравад, ки аз соли 2026 ҳаҷми интиқоли гази Русия ба Узбекистон чаҳор баробар афзоиш ёфта, солона ба 11 милярд метри мукааб мерасад.

Гуфтанист, тайи солҳои охир Узбекистон фурӯши гази табиъиро ба хориҷ ба таври ҷиддӣ коҳиш дод. Соли 2020 содироти гази Узбекистон ба Русия комилан қатъ шуда, ҳаҷми интиқол ба Чин се маротиба коҳиш ёфт. Соли 2023 Узбекистон ба Чин ба маблағи 563,54 милён долар газ содир кардааст, ки тақрибан нисфи ҳаҷми соли 2022-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед