Ru  | Tj
Вазорати дифоъ латукӯб шудани сарбоз Аслиддин Маҷидовро рад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифоъ латукӯб шудани сарбоз Аслиддин Маҷидовро рад кард
Акс: Вазорати дифоъи Тоҷикистон

Вазорати дифоъ латукӯб шудани сарбоз Аслиддин Маҷидовро рад кард

Нашр шуд

Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашри изҳороте сарусадо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди аз сӯйи ҳамхидматонаш латукӯб шудани сарбози қаторӣ Аслиддин Маҷидовро беасос номид.

Ин ниҳод мегӯяд, сарбоз Аслиддин Маҷидови 19-сола аввали моҳи апрели имсол аз ноҳияи Рашт ба яке аз қисмҳои низомии вазорати дифоъ ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст. Вазъи саломатии номбурда 13-уми май бад шуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат менамояд. Духтур ҳолати ӯ ташхис карда, ёрии тиббӣ мерасонад ва волидайни сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад.

Дар идома зикр мешавад, ки волидайни сарбоз рӯзи 14-уми май ҳангоми хабаргирии фарзандашон ҳолати ӯро муътадил дармеёбанд ва аз фармондеҳи қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад.

Вале баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан вазъи саломатии сарбоз Аслиддин Маҷидов дар хона бад мегардад ва волидайнаш ӯро рӯзи 17-уми май барои ташхису муоина ба Бунгоҳи миллии тиббии «Шифобахш» меоранд. Дар ин хусус масъулини қисми низомиро низ хабардор менамоянд.

Зимни муоинаву ташхиси пурра муайян мегардад, ки сарбоз Аслиддин Маҷидов ба бемории «Алоими Гийенна Барре» мубтало гардидааст ва бемориаш ба хидмати ҳарбӣ ягон алоқамандӣ надорад. Бемории «Алоими Гийенна Барре» ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки дар натиҷаи худ ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад».

Таъкид мешавад, ки дар айни замон табобати сарбоз Аслиддин Маҷидов таҳти назорати пизишкони Бунгоҳи миллии тиббии «Шифобахш» ва Раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор дорад.

Нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми май дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд муҳокимаи парвандаи як сарҳанг ва 5 сарбози қисми ҳарбии 0215 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо иттиҳоми латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед