Ru  | Tj
Вазорати тандурустӣ: Саломатии худро дар гармои шадид ҳифз кунед

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: Саломатии худро дар гармои шадид ҳифз кунед
Акс: almaty.tv

Вазорати тандурустӣ: Саломатии худро дар гармои шадид ҳифз кунед

Нашр шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як иттилоънома ҳушдор додааст, ки мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба сиҳатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсони дорои бемориҳои музмин таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки гармои шадид метавонад сабаби хушкии бадан ва офтобзадагӣ шуда, ҳолати беморони бемориҳои дилу рагҳои хунгард, гурда, диабети қанд, диқи нафасро бадтар кунад.

Бо назардошти ин Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба сокинони ин кишвар тавсия додааст, ки дар рӯзҳои гармои шадид ҳуҷраи корӣ ва хонаро серун нигоҳ дошта, шабона тирезаҳои манзили зистро кушода мондан лозим аст.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки серунсозҳо метавонанд то андозае ҳарорати хонаро муътадил нигоҳ доранд, лекин агар ҳарорати ҳаво зиёда аз 35°C бошад, ин таҷҳизот кумаки муассир намерасонад. Дар баробари ин зикр мешавад, ки нӯшидани мунтазами нӯшокиҳо, махсусан об дар ин ҳолат бисёр муҳим аст. Лекин аз истеъмоли нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртдор худдорӣ  намудан зарур аст. Дар гармои рӯз бошад худро аз зери таъсири бевоситаи гармии офтоб худро дур нигоҳ дошта, махсусан дар вақти қиёми рӯз бе зарурат аз хона набароед.

Инчунин рӯзона зери гармои офтоб анҷоми корҳои ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Дар ин рӯзҳо ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки кӯдаконро муддати зиёд дар дохили нақлиёт дар таваққуфгоҳҳо набояд нигоҳ дошт.

Барои ҳифзи саломатӣ ҳамчунин метавонед дар ҳаммом бо оби хунук оббозӣ карда, ё аз халтачаҳои ях, сачоқчаҳо ва рӯймолчаҳои тар истифода баред.

Аз сӯйи дигар Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои гармои шадид пӯшидани либоси сабуки аз матои табиӣ духташуда зарур аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан кулоҳи калон ва айнаки офтобиро низ бояд истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои наздик дамои ҳаво дар водиҳо 35+45 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷануби ин кишвар ва навоҳии кӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Ин ниҳод таъкид месозад, ки болоравии дамои ҳаво сабабгори обшавии босуръати пиряхҳо шуда, ин ҳолат метавонад сатҳи об дар рӯдхонаҳоро боло барад. Бо назардошти ин эҳтимоли омадани селҳо дар минтақаҳои гуногуни навоҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиёд аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед