Ru  | Tj
Вилояти Суғд аз тариқи фурудгоҳҳои минтақаҳои Русия сайёҳонро ҷалб хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вилояти Суғд аз тариқи фурудгоҳҳои минтақаҳои Русия сайёҳонро ҷалб хоҳад кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Вилояти Суғд аз тариқи фурудгоҳҳои минтақаҳои Русия сайёҳонро ҷалб хоҳад кард

Нашр шуд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки ширкатҳои ҳавоӣ бо пешниҳоди хадамоти матлуб ба рушди саёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 27-уми март мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Сергей Дмитриев, мудири тиҷоратии ширкати «Новапорт»-и Русия баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар бахши хидматрасонӣ мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавоӣ боиси зиёд гаштани рафтуомади шахрвандон ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба вилояти Суғд мегардад.

Дар идома зикр мешавад, ки дар вилояти Суғд мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, бо афзоиши шумораи хатсайрҳо метавон ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардонро таъмин сохт.

Дар навбати худ Сергей Дмитриев, мудири тиҷоратии ширкати «Новапорт» гуфт, ки ширкати мазкур 30 фурудгоҳи минтақаҳои Русияро муттаҳид сохтааст.

Ба гуфтаи вай, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хидматрасонии фурудгоҳ ва фаъолсозии хатсайрҳои нави ҳавоӣ имкон медиҳад, ки рафтуомади шаҳрвандон ва сайёҳон бамаротиб зиёд гардад.

Бояд гуфт, ки "Новапорт" як шабакаи минтақаии фурудгоҳҳои Русия аст, ки фурудгоҳҳои Новосибирск, Минералние Водӣ, Калининград, Тюмен, Челябинск, Перм, Волгоград, Астрохон, Мурманск, Томск, Барнаул, Кемерово, Чита, Улан-Уде, Владикавказ ва Ставрополро дарбар мегирад.

Дар вилояти Суғд танҳо дар Хуҷанд як фурудгоҳи байнулмилалӣ аст, ки аз он ба Маскав, Красноярск, Новосибирск, Екатеринбург, Уфа, Сургут ва як қатор шаҳрҳои дигари Русия парвоз анҷом мешавад.

Тибқи омори расмӣ шумораи сайёҳони Русия дар Тоҷикистон соли 2023 нисбат ба соли 2022 92,8 дарсад афзуд ва мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки имсол ин рақамро афзоиш диҳанд.

Қобили зикр аст, дар панҷгонаи кишварҳое, ки соли гузашта шаҳрвандонашон аз ҳама бештар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, Русия бо  262,4 ҳазор нафар дар мақоми дувум қарор дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед