Ru  | Tj
Вохӯрии Раиси Вилояти Суғд бо намояндаи СУТ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вохӯрии Раиси Вилояти Суғд бо намояндаи СУТ
Расм аз sugd.tj

Вохӯрии Раиси Вилояти Суғд бо намояндаи СУТ

Нашр шуд

Санаи 16 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Раиси Вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи СУТ Бахтигул Қориева вохӯрд. Зимни мулоқот мубодилаи афкор оид ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон ва ҷораҳои пешгирӣ бар зидди коронавирус баргузор гардид.

Дар суханронии худ хонум Бахтигул Қориева қайд намуданд, ки фаъолияти табибони вилоят дар ин давра хеле хуб ба роҳ монда шуда, сазовори таваҷҷуҳ мебошад.

Дар навбати худ Раҷаббой Аҳмадзода аз СУТ барои дастгири бо табибон аз хориҷ изҳори миннатдори намуда, илова намуданд, ки ҳукумати вилоят ҳамаи ҷораҳои лозимиро аз қабили ҷудо намудани маблағ барои ба даст овардани таҷҳизоту доруворӣ барои пешгирии COVID-19 андешида шудааст. 

Ҳамзомон қайд карда шуд, ки дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят (Ашт, Б.Ғафуров, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент) марказҳои  ташхис ва пешгирии коронавирус кушода хоҳад шуд.

Хотир расон мекунем, ки аз бемории  COVID-19  дар Тоҷикистон 11 649 нафар сироят шуда 85 нафар ҳалок шудаанд.

40 нафар мубтало ва 42 нафар шифоёфта: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед