Ru  | Tj
Як соли коронавирус дар ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як соли коронавирус дар ҷаҳон

Як соли коронавирус дар ҷаҳон

Нашр шуд

Бемории Covid-19 бори аввал аз моҳи сентябри соли 2019 аз шаҳри Ухани Хитой паҳншавиро оғоз намуд ба ақидаи мутахассисон. Дар моҳи декабри соли 2019 вақте ин вабои аср миллинҳо шаҳрвандонро заҳролуд карда ҷони ҳазоронро аз байн бурд, ба тамоми дунё аз мавҷуд буданаш хабардор намуданд. Акнун қариб як сол мешавад, ки дунё аз ҳолати муташанниҷ марҳила ба марҳила ҳамаи самтҳои фаъолияти кишварро мутобиқ намуда, зиндагии муқаррари баргаштанист. 

Зиёди мамлакатҳо маҷбуранд, ки барои барқарор намудани самтҳои афзалиятноки давлат сарҳадҳоро кушоянд ва зарари иқтосодиро ҷуброн кунанд. Аз ин ру Тоҷикистон низ, яке аз чунин кишварҳо мебошад, ки мунтазири кушодани парвозҳои байналмиллалӣ мебошад. 

Коронавирус дар Тоҷикистон руз аз руз авҷ мегирад ва теъдоди сироят шудагон кам аз 40 нафар дяр як руз намебошад. Шоми гузашта дар Ҷумҳури боз 41 нафари дигар бо аломатҳои коронавирус сабт гардиданд. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда ба 9646 нафар буда тақрибан 8500 шифо ёфтанд. Шумораи фавтидагон ба 75 нафар расидааст.

Омори Covid-19 дар ҷаҳон бештар аз 33 млн. заҳролуд шуда, 24,6 млн. нафар шифо ёфтанд. Шумораи марг аз 1 млн. гузашт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед