Ru  | Tj
Зарфияти пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» тақвият дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зарфияти пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» тақвият дода мешавад
Акс: sugdnews.tj

Зарфияти пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» тақвият дода мешавад

Нашр шуд

Иқтидори пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо насби таҷҳизоти иловагӣ афзоиш дода мешавад. Барои ин кор барои пойгоҳи обкашии мазкур 6 агрегати нав харидорӣ шуда, ба зудӣ насб мешавад. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ахиран раиси ин вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз иншооти муҳими обрасонӣ дар ин минтақа маҳсуб мешавад, боздид кард.
Раҷаббой Аҳмадзода бо кори нерӯгоҳи обкашӣ шинос шуд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки барои фаъолияти бефосилаи он шароити зарурӣ фароҳам оварда, саноати кишоварзиро бо оби обёрӣ таъмин намоянд.

Ин манбаъ менависад, ки барои зиёд кардани иқтидори обтаъминсозии пойгоҳҳои обкашӣ 6 агрегати нав харида шуд.

"Ин тадбир имкон медиҳад, ки сарбории дигар агрегатҳо коҳиш дода, вазъи обтаъминкунӣ беҳтар карда шавад", - зикр мегардад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон-1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷмӯъ 24 адад агрегат дорад ва барои баланд бардоштани иқтидори обрасонӣ 6 агрегати нав харидорӣ шуда, ҳоло насби таҷҳизоти нав идома дорад.
Таъкид мешавад, ки пойгоҳи обкашӣ феълан фаъол буда, ба воситаи он 14 хазор гектар замини кишт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров обёрӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд да умум 33 пойгоҳи обкашӣ обкашӣ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо то 22 ҳазор гектар заминҳои корам обёрӣ карда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед