Ru  | Tj
Ҳамсояи нави «баҳрӣ»-и Тоҷикистон
Ҳамсояи нави «баҳрӣ»-и Тоҷикистон
Аксҳо: AFP 2023 / GIUSEPPE CACACE

Ҳамсояи нави «баҳрӣ»-и Тоҷикистон

Нашр шуд

Яке аз се мушкили Осиёи Марказӣ - надоштани баромад ба баҳр (land lock country) солҳои охир баръало ба рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба кулли минтақа таъсири манфии худро ошкор карда истодааст. Роҳбарони наздиктарин кишварҳои дорои баромад ба баҳр (Покистон ва Эрон) дар вақти сафарҳои худ ба кишвар ва минтақа, албатта дар бораи истифодаи бандарҳои худ (Қарочӣ ва Гвадари Покистон ва Чобаҳор ба Бандар-Аббоси Эрон)-ро барои баромади онҳо ба роҳҳои баҳрии ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд. Хотиррасон бояд кард, ки амалишавии нахустин лоиҳаи баромад ба сӯйи баҳр дар солҳои аввали истиқлоли давлатҳои навини Осиёи Марказӣ (миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта) пайвастани шабакаи роҳи оҳани минтақа ба шабакаи роҳи оҳани Эрон дар мавзеъи Теҷени Туркманистон ва Сарахси Эрон буду халос. Кишварҳои сарватманди арабии Халиҷи Форс бо шабакаҳои рушдкардаи инфрасохтори роҳу бандарӣ низ самти афзалиятнок барои мо низ буданд. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва асосан Тоҷикистон, ки аз исломи сиёсӣ ё ифротӣ азияткашида буданд, барои пурзӯр кардани робитаҳои гуногуни худ бо ин кишварҳо каме худдорӣ менамуданд.

Аммо ду ҳодисаи геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ:

1.    Шикасти давлати абарқудрати ҷаҳонӣ – ИМА дар Афғонистон;

2.    Узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ)

ба тағйири ақидаҳо дар ин ду минтақаи ҷаҳон (Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна) боис гардид. Акнун Чин ва СҲШ натанҳо барои кишварҳои минтақаи мо, балки барои Ховари Миёна ва Халиҷи Форс ба шарики эътимоднок табдил ёфтанд. Паз аз узвияти Эрон, нахустин кишвари Ховари Миёна-узви ин созмон теъдоде аз кишварҳои арабӣ (Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Кувайт, Миср ва ғайра) барои дарёфти мақоми “шарики мусоҳибаӣ”-и СҲШ хоҳиши худро иброз карданд. Ҳамакнун пайдоиши «чатри геостратегии» СҲШ имкон фароҳам овард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки минтақаи транзитии хушкии байни Ховари Миёна ва Осиёи Шарқӣ (Чин) мебошад, робитаҳои гуногуншакли худро бо кишварҳои Халиҷи Форс пурзӯр кунад.


Гуфтанист, ки то пайдоиши «чатри геостратегии» СҲШ Тоҷикистон робитаҳои дутарафаи худро бо яке аз давлатҳои калидии Халиҷи Форс – Қатар аллакай дуруст ва васеъ ба роҳ монда буд. Рамзи ин амр робитаҳои рушдкарда дар фаъолияти сафоратхонаҳо дар Душанбе ва Давҳа, бунёди калонтарин масҷид дар минтақа дар Душанбе ва маҷмуъи иншооти «Диёри Душанбе» бо сармоягузории Қатар, сармоягузории Бунёди Қатар барои сохти иншооти  иҷтимоъӣ (мактабҳо, роҳҳо ва ғ.) мебошад.

Коршиносони ватанӣ баъди бунёди ин масҷиди бузург бо иштироки амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ интизори гузариш ба марҳилаи нави равобити дутарафа буданд. Сафари ахири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар, ки он сафари ҷавобӣ ба ташрифи тобистонаи соли гузаштаи амири ин кишвар ба ҳисоб меравад, бозгӯкунандаи амалӣ шудани ин интизориҳо мебошад. Чунки имзои санадҳои густардаи ҳамкорӣ аз соҳаи башардӯстона то соҳаи рухдодҳои фавқулода ба ин ду кишвар имкон медиҳад, то равобити дуҷонибаро ба сатҳи болотаре бирасонанд. Ба ҳамин далел дипломатияи ватанӣ бояд Қатарро ба унвони ҳамсояи нави баҳрӣ эълон карда, консепсиюни робитаҳои ҳасанаи «Давҳа-Душанбе»-ро роҳандозӣ карда, барои саривақт амалӣ гардонидани он камари ҳиммат банданд.


Барои иҷрои консепсиюни «Қатар – ҳамсояи баҳрии Тоҷикистон» се омили геополитикӣ ва геоиқтисодӣ вуҷуд дорад:

1.    Мушакборон кардани якдигар аз сӯйи Эрон ва Покистон дар оғози соли нав мавҷуд будани мушкилот дар мавзеъи ҷойгиршавии бандарҳои Гвадар ва Чобаҳор, ки аз фаъолияти ғайриқонунии чудоихоҳони балуҷӣ гувоҳӣ медиҳад, моро барои ҷустуҷӯйи бандарҳои боамни ҷойгузинӣ (алтернативӣ) водор месозад. Бандари Даҳваи Қатар яке аз самтҳои афзалиятдор дар ин масир ба шумор меравад;

2.    Қатар ба шарофати интиқоли гази моеъ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамзамон дар ҳоли афзоиши сармоягузорӣ дар соҳаҳои ҷойгузинӣ – маъдан, саноати «сабз» ва ғайра аст, ки Тоҷикистон бо чорумин роҳбурди миллии рушди худ – «саноатисозии босуръат» ба ин иқдоми шарики нави рушд рост меояд;

3.    Давлати Қатар дар музокироти ИМА ба гурӯҳи Толибон* нақши калидӣ дошт ва нуфузи худро ба онҳо аз даст надодааст, ки идораи давлатро ба дасти худ гирифта, ба унвони нерӯи марказгаро амал мекунад. Бинобар ин Тоҷикистон метавонад бо мусоидати ин кишвари сулҳҷӯ робитаҳои худро бо ҳокимияти нави ҳамсоякишвар дуруст ба роҳ монад. Соҳаи ҳамкорӣ дар корҳои башардӯстона ва иҷтимоъӣ дар канори интиқоли барқ, тиҷорати сарҳадӣ метавонад ба муътадил гаштани робитаҳои дуҷонибаи ду ҳамсоякишвар бо мардуме ҳамфарҳанг ва бо пайвандҳои дӯстии абадӣ бо мусоидати давлати Қатар сарҳади ҷанубии кишварамон ба мавзеъи амну рушд табдил хоҳад дод. Ин тағйироти куллӣ ба бунёди хатсайри нав «Давҳа-Теҳрон-Ҳирот-Мазори Шариф-Бохтар-Душанбе-Қошғар», ки хатсайри калидии хушкии Авросиёи беканор табдил хоҳад ёфт.


Бешубҳа ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба давлати Қатар бо фаъолияти пурсамари дипломатияи ин ду кишвар дар самти коркарди консепсиюни «Қатар – ҳамсояи баҳрии Тоҷикистон» ва қадам ба қадам амалӣ гардонидани он натанҳо муносибати дуҷониба, балки ба боз ҳам наздик гардонидани се минтақаҳои бузурги Авросиё – Ховари Миёна-Осиёи Марказӣ-Осиёи Шарқӣ такони ҷиддӣ мегузорад. «Сатри геостратегии» СҲШ ба мо имкон медиҳад, ки ба баромади худ дар самти бандарҳои ҷаҳонӣ тавассути халиҷи Форс, бавижа бо Қатар вусъат бахшем.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед