Ru  | Tj
“Миёни сатрҳо”-и сафари Хоқон Фидон ба Тоҷикистон
“Миёни сатрҳо”-и сафари Хоқон Фидон ба Тоҷикистон
Хоқон Фидан. Акс аз дафтари матбуотии ВКХ Қирғизистон

“Миёни сатрҳо”-и сафари Хоқон Фидон ба Тоҷикистон

Нашр шуд

Рӯзи 9-уми январ Хоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия бо сафари корӣ вориди Душанбе шуд ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин музокира анҷом дод. Ӯ ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон мулоқот кард.

Ин сафари Хоқон Фидон дар ҳолест, ки ӯ қаблан рӯзҳои 8-ум ва 9-уми январ ба Қирғизистон сафари корӣ дошт ва бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев гуфтугӯ ва бо раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов дидор кард.

Перомуни сафари Хоқон Фидон ба Тоҷикистону Қирғистон андешаҳои гуногун аз сӯйи таҳлилгарону коршиносон иброз шуд. Дар ҳоле ки мақомоти расмии ҳар ду кишвар ин сафарро ба шеваи худ бозтоб доданду мақомоти дипломатии Туркия ба таври дигар, таҳлилгарон аз “миёни сатрҳо” ҳадафҳои аслии сафари Фидонро ба Осиёи Марказӣ ҷӯё шуданд.

Дар ин росто Halva.tj аз сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, хост, андешаҳои худро дар мавриди нақши ин сафар дар дигаргуниҳои бунёдии гетосиёсӣ дар минтақа баён кунад.

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик

ПАЙОМАДҲОИ САФАРИ ВАЗИРИ ТУРКИЯ БА ДУШАНБЕ

Пас аз хуруҷи артиши ИМА аз хоки Афғонистон (дар августи соли 2021) «Бозиҳои бузург» низ аз Осиёи Марказӣ берун рафт. Ба дунболи ин «Бозиҳои бузург» ба ду бахш тақсим шуд: дар Ғарб дар атрофи нимҷазираи Қрим ва дар шарқ дар атрофи ҷазираи Тайван. Ин вазъияти гетосиёсӣ “равзанаи беҳамто”-ро барои ҷавонтарин минтақаи ҷаҳон, яъне Осиёи Марказӣ эҷод кард, ки ҳамакнун панҷ кишвари он метавонанд бидуни бозигарони бузурги ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ба ҳамгироии танготанги деринтизор машғул гарданд. Аммо ба зудӣҳузури Туркия, яке аз қудрати нави минтақаӣ, ки иддаои бозиҳо дар корҳои ҷаҳонӣ дорад, дар минтақа афзоиш ёфт.


Ба ин амр се омил сабаб гардид:

1. Русия бо вуруди низомии худ ба Укроин ҳузури худро дар мантақањои љањон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ заиф кард;
2. Шикасти роҳбурдии Арманистон дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба далели иқдомотимуштараки Озарбойҷон ва Туркия ва имкони бунёди долони ҳамлунақл(Зангезур) барои дастрасии мустақими Туркия ба «ҷаҳони туркӣ» (Озарбойҷон ва ҷумҳуриҳои туркии Осиёи Марказӣ);
3. Таъсиси созмони нави минтақаӣ (Созмони давлатҳои туркӣ), ки нахустин нишасти он дар шаҳри торихии ҷаҳон – Самарқанд (11 ноябри соли 2022) баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба таъсиси созмонҳои гуногун дар ҳамсоякишварҳо мухолифат надорад, аммо таъмини манофеъ ва амнияти миллӣ ин кишварро водор мекунад, то зиракии сиёсироаз даст надиҳад. Чунки фаъол шудани Туркия дар ҳоли ҳозир боиси иқдомоти номушаххас ё шубҳанок шуда истодааст.
1. Дар нахустин нишасти Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) дар миёни дигармасъалаҳои баррасишуда эълон шудани шаҳри бостонии Самарқанд ҳамчун“пойтахти тамаддуни туркӣ” моро дар ҳайрат гузошт. Зеро дар тавсеъаи рӯзафзуни нуфузи ҷаҳонии ин шаҳри нотакрор хидмати тоҷикон (чун шаҳрвандони Узбекистони имрӯза) камтар аз саҳми бародарони узбек нест. Бояд гуфт, ки ин нахустин тафриқаандозӣ байни ду миллати бо ҳам дӯсту бародар нест. Муносибати ҳасана миёни тоҷикону узбекҳо дар даврониустодон Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ қавӣ гардида, дар замони авҷи ҷараёни туркгаройӣ (пантуркизм) дар оғози асри ХХ осеби сахт дид.
2. Туркия дар давраи ҳассоси баҳсҳои марзии байни ду ҳамсоякишвар (Тоҷикистон ва Қирғизистон) бояд бетараф бимонад. Ин кишвар, ки орзуиэҳёи давлати абарқудрати Усмониро дорад, ки пояи ақидатии он (мавлавия)-ро яке аз фарзандони фарзонаи тоҷик устод Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ/Румӣбунёд карда ва наберагони ӯ тақвият додаанд, ба кишвари мо эҳтиром дошта бошад (агар дар Аврупо ҳангоми тоҷгузорӣ тоҷро ба сари шоҳи нав раҳбарикатоликҳо ё намояндаи ӯ гузорад, ҳангоми ба тахт нишастани султони нави усмонӣ камарбанди подшоҳиро яке аз намояндагони хонадонаи Мавлоно ба он мебаст).


Дувумин нишасти руасои ҷумҳуриҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ дар оғози моҳи ноябри соли гузашта дар Остонаи Казоқистон баргузор гардид. Албатта баргузории дувумин ҷаласаи ин созмон дар ҳудуди минтақа бе иштироки Тоҷикистони форсизабон, ки натанҳо чузъи ҷудонашавандаи минтақаи Осиёи Марказӣ, балки саҳмгузори асосии пойдевори бузурги тамаддуни он маҳсуб мешавад, наметавонист ин кишварро бетафовут бимонад. Камтар аз як ҳафта пас аз нишасти Остона раисҷумҳури Эрон Саййид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Ду рӯз қабл аз баргузории нишасти СПАД дар Минск (23 ноябри соли 2023) раҳбари Тоҷикистон ба Маскав сафари корӣ анҷом дод. Дар охири ин сафар (21 ноябр) Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба утоқи кории худ дар Кремл даъват кард, ки он бармало гувоҳи робитаи боэътимод ва қавии байни раҳбарони ду кишвари шарики роҳбурдӣ (истротежӣ) буд.

Мо бар ин назарем, ки ҳам Русия ва ҳам Эрон, ки мавқеъи хубе дар минтақа доранд, ба тақвияти нуфузи кишвари наве, ки ниёгони он (оғузҳо) садҳо сол пеш аз ин минтақа муҳоҷират кардаанд ва имрӯз дубора иддаои соҳибии ин минтақаро доранд, розӣ шуда наметавонанд.
Ин рӯзҳо намояндагони Чин низ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ба ибораи дигар, «Тоҷикистон-Эрон-Русия-Чин» баъди халои гетосиёсие, ки пас аз хуруҷи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз минтақа каме роҳат доштанд, акнун нисбат ба фаъол шудани Туркия, ки нақши «боли ҷанубии» НАТО-ро дорад, бетафовут буда наметавонанд.


Дар шароити гетоистротежӣ ин сафари вазири Туркия боз як ҷанбаи дигари тактикӣ дорад. Он ҳифзи «тандем» – Ҷабборов-Тошиев мебошад, ки ба таври муштарак ҳамсоякишвари Тоҷикистон (Қирғизистон)-ро идора мекунад ва соли оянда раёсати Созмони кишварҳои туркиро бар уҳда хоҳад гирифт. Раҳбарони баландмақоми Туркия, ки ин навоварии сиёсӣ – «тандем»-ро дар давраи сарвазирии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раисҷумҳурии Абдуллоҳ Гул(2007-2014) дар амал татбиқ карданд, ноқисӣ (кӯтоҳмуддатӣ)-и онро хуб даркмекунанд. Ҳодисаҳои январии соли 2022 дар Қазоқистон инро бармало нишон дод. Қамчибек Тошиев, ҷонишини сарвазир ва раиси Кумитаи амниятимиллии Қирғизистон дар моҳҳои охир бо муборизаҳои худ натанҳо бар зиддигурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, балки алайҳи сармоядорони ин кишвар обрӯ ва нуфузи худро боло бурда истодааст, ки он албатта ҷойгоҳи раисҷумҳури ин кишварро танг мекунад. Қарор аст, ки соли оянда севумин нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Бишкек баргузор шавад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки вазъияти «тандем» то он вақт устувор мемонад ё на. Туркия, ки кафилиасосии пешрафт ва тақвияти ин созмон боқӣ мемонад, барои баргузории бемамонияти он хеле манфиатдор аст ва ба ҳифзи он бархостааст. Ноустувории ҳокимият дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон бо гузори он аз давлати парлумонӣ ба раёсатҷумҳурӣ осебнопазир нашудааст, ки фирори вакили мардумӣ аз бинои парлумони он кишвар дар ҳамин рӯзҳо гувоҳи он аст.

Душанбеи расмӣ низ (дар симои Вазорати корҳои хориҷӣ) ба ин равандҳои на он қадр рӯшани гетосиёсии замони нав бетафовут монданӣ нест ва вазири Тоҷикистон посухи бархе аз пурсишҳои худро аз ҳамтои туркаш дарёфт хоҳад кард.Албатта ҳадафи сафари вазири Туркия ба Душанбе пас азБишкек дар он аст, ки ваъдаҳо дар мавриди бар зидди Тоҷикистон равона нагардидани ҳузури рӯзафзуни худ дар минтақа мебошад. Аммо баъди фурӯши «Байрақдор» ба ҳамсоякишвар дар вақти бархӯрди марзӣ он ҳақиқати пурра шуда наметавонад.

Дар таҳлили ин фарояндҳо ин нукта комилан возеҳ аст: Тоҷикистон ҷонибдори ҳамгироии ҳаматарафа бо ҳамсоякишварҳо ва ҳатто Озарбайҷон аст, ки дар солҳои охир Осиёи Марказиро бо баҳри Хазар пайваст карда ва гомҳои ҷиддӣ ба сӯйи Тоҷикистон мегузорад. Аммо Душанбе бо ҳамсоягони худ барои «таъзим» ба «султони нав», ки ниёгони муҳоҷири онҳоро мутаффакирони бузурги тоҷик (Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ/Румӣ) тарбия кардаанд, розӣ шуда наметавонад.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед