Ru  | Tj
15 ҳақиқати ҷолиб дар бораи Марк Сукерберг
15 ҳақиқати ҷолиб дар бораи Марк Сукерберг
Аксҳо аз Интернет

15 ҳақиқати ҷолиб дар бораи Марк Сукерберг

Нашр шуд

Барои бисёриҳо ҷолиб аст бидонанд, ки Марк Сукерберг, бунёдгузори фейсбук ва яке аз сарватмандтарин мардони ҷаҳон чӣ ҳақиқатҳои пинҳони ифшонашудае дар зиндагии хусусии худ дорад. Ҳақиқатҳои пинҳоне, ки дар расонаҳо дар бораи ӯ навишта шудааст, ҳам таҷҷубовар аст ва ҳам ибратомӯз. Ӯ бар хилофи хеле аз мардони сарватманд зиндагии оддӣ доштааст. 

Мо 20 ҳақиқатеро ин ҷо зикр мекунем, ки дарбаргирандаи ҳаёти шахсии Марк Сукерберг мебошад: 

1. Марк Сукерберг мубталои куррангӣ аст. Ӯ дар дидан ва шинохтани рангҳои сурху сабз мушкил дорад. Шояд ба ин далел аст, ки ранги платформаи фейсбук кабуд аст. 

2. Марк Сукерберг ҳамеша бо як шалвори кӯтоҳи (шорти) хокистарӣ мегардад, ки логотипи фейсбук дар он нақш шудааст. Ӯ гуфтааст, ончунон ба корҳои рӯзона банд аст, ки барои интихоби либос вақт сарф кунада наметавонад. 

3. Ҳарчанд ӯ ба шакли маъмулӣ либос мепӯшад, аммо боре гуфта, дар соли 2009 барои ин ки нишон диҳад, ки фейбук дар рӯзҳои бӯҳрони иқтисодӣ рушду густариш дорад, ҳар рӯз гластук мебастааст. 

4. Бунёдгузори фейсбук Марк Сукерберг гиёҳхӯр аст. Ӯ гуфта фақат дар ҳоле гӯштро истеъмол мекунад, ки ҳайвонро бо дастони худаш забҳ кунад. 

5. Ӯ як саги покӯтоҳ ва машҳур дорад, ки исмаш “Beast” аст. Саги ӯ дар фейсбук беш аз 1,5 миллион муштарӣ (подписчик) дорад. 

6. Марк Сукерберг дар даврони навҷавонӣ низ ихтироот доштааст. Ӯ дар 12 солагиаш барномаи паёмрасони фаврӣ ба номи “ZuckNet”-ро сохта, ки падари дандонпизишкаш вақти ирсоли паёми муштариёнашро бидонад. 

7. Ӯ пешниҳодҳои зиёдеро оид ба фурӯши фейсбук рад кардааст. Ширкатҳои бузурге дар талош будаанд, ки бидонанд оё Сукербург фейсбукро мефурӯшад ё на. Ӯ ба ҳама ширкатҳои бузург ҷавоби рад додааст. 

8. Ӯ аз шеваи раҳбарии Стив Ҷобс пайравӣ мекунад. Зоҳиран шеваҳои раҳбарии бунёдгузори фоқиди ширкати «Apple» Стив Ҷобс ба ӯ таъсири мусбат гузоштааст. 

9. Марк Сукерберг варзишро дӯст медорад ва пайваста ба он машғул мешавад. Дар соли 2016 Сукерберг ба худаш қавл дода, ки 365 километрро роҳро дар муддати як сол бидавад. Ӯ дар поёни ҳамон сол ба ин ҳадафи худ расидааст. 

10. Ӯ ба Алберт Эйнштейн ва Пабло Пикассо эҳтироми хос доштааст. Марк Сукерберг сухани Эйнштейн “Ҳама чизҳоро то ҷойе, ки имкон дорад, сода кун, вале на содатар” ва сухани Пабло Пикассо “Тамоми бачаҳо ҳунарманд ҳастанд ва мушкил ин аст, ки чӣ тавр вақте бузург мешавед, ҳунарманд боқӣ бимонед” –ро ба ҳайси ҷумлаҳои мавриди алоқааш дар фейсбук нашр кардааст. 

11. Барои мудирияти саҳифаи шахсии Марк Сукерберг 12 нафар кӯмак мекунанд. Гузориш шудааст, ки Сукерберг барои мудирияти саҳифаи корбарии худаш як гурӯҳи дувоздаҳнафара дорад. Вазифаи ин афрод хондани коментарияҳо, навиштани постҳо ва гирифтани аксҳо номбар шудааст. 

12. Марк Сукерберг мошинбоз набуда ва ҳавасҳои ноҷои ғайриинсонӣ надорад. Мошине, ки ӯ аз он истифода мекунад, 30 ҳазор доллар арзиш дорад. 

13. Хонанда ва навозандаи мавриди алоқаи ӯ Леди Гага ва Дофт Панг мебошанд. 

14. Китоби мавриди алоқаи ӯ “Бозии андар” ( Ender's Game) аст, ки муаллифаш нависанда ва коргардони амрикоӣ ( Ender's Game) Гэвин Худ мебошад. 

15. Бар асоси хабари расонаҳо ӯ дар хонааш телевизион надорад.


Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед