
Пас аз 50 сол: Бозгашти гавазни бухороӣ ба куҳҳои “Сари Хосор”
Нашр шуд
Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир дар куҳҳои Парки табиии “Сари Хосор” нигоҳубини гавазнҳои бухороӣ эҳё гардид.
Аз куҷо ва чаро ин ҷонварҳои зебо ба куҳҳои сар ба фалаки “Сари Хосор” оварда шуданд, дар матлаби Halva.tj мутолиа намоед.
Балҷувон ҳамчун минтақаи гардишгарии байналмилалӣ шинохта шудааст ва зиёд кардани саршумори гавазни бухороӣ дар куҳҳои он барои ҷалби боздидкунандаҳои дохилию хориҷӣ муфид дониста мешавад.
Ба гуфтаи Ҷурахон Муҳаббатзода, директори Парки табиии “Сари Хосор”, ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта, дар куҳҳои ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” гавазнҳо зиндагӣ мекарданд.
Мутаассифона, бо гузашти вақт ва ҳифз нагаштани он, оҳиста-оҳиста ин ҳайвоноти нодир ба тамом нобуд гаштанд.
Ҳаминак, пас аз 50 сол, масъулини Парки табиии “Сари Хосор”, бо овардан ва сар додани 6 сар гавазни бухороӣ, ният доранд дубора саршумори ин ҷонвари зебо ва нодирро дар куҳҳои минтақа зиёд намоянд.
– Гавазнҳои мазкур аз мамнуъгоҳҳои давлатии “Бешаи Палангон” ва “Ромит” оварда шудаанд, гуфт Муҳаббатзода. – Чун ҳоло саршумори он кам аст, мо танҳо 2 гектар аз заминҳои паркро барои нигоҳубин ва сукунати гавазнҳо ҷудо намудем. Бо зиёд кардани саршумори он, ният дорем дар куҳҳои минтақа паҳн намоем.
Бояд гуфт, ки минтақаи куҳии “Сари Хосор” бо доштани талу теппаҳои бузург, гулу гиёҳ, дарахту буттаҳои зиёд ва обҳои мусаффои худ барои парвариши гавазнҳо бисёр мусоид аст.
– Ғизои асосии гавазн, алаф, бутта, барг, пӯстлох ва шоху навдаи дарахтон аст, мегӯяд Муҳаббатзода, директори парки табиии “Сари Хосор”. – Аз ин лиҳоз, мо бовар дорем, ки дар зиёд кардани саршумори ин ҷонвари зебою чолок муваффақ мешавем. Ва дар наздиктарин фурсат куҳҳои минтақаро аз ин ҳайвони чолок пур мекунем.
Ӯ ба ин назар аст, ки гавазнҳо соле як маротиба ҷуфт шуда, 1-2 ва баъзан 3-4 бача мезоянд. Дар якунимсолагӣ ба балоғат расида, барои ҷуфт шудан омода мешаванд. Бо дуруст нигоҳубин намудани онҳо, мо имкон дорем дар як - ду сол алакай саршумори онҳоро зиёд кунем, афзуд роҳбари Парк.
Парки табиии “Сари Хосор” дар баландии 2500-3000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Балҷувон ташкил ёфта, яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва дорои олами набототу ҳайвоноти нодир аст.
Парки мазкур соли 2003 бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории ҷангалҳои паҳнбарг, олами ҳайвоноти хоси минтақа ва рушди сайёҳии экологӣ таъсис ёфтааст.
– Майдони умумии ин парк 3 ҳазору 805 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он 16 намуди ҳайвоноти камёб сукунат менамояд, - мегӯяд Ҷурахон Муҳаббатзода ва афзуд, ки бабри барфӣ ва бузи пармашох аз ҷумлаи онҳоянд.
Бино ба иттилои ӯ, ин мавзеъ бо экосистемаи худ ва олами набототу ҳайвоноташ аҳамияти махсуси экологӣ дошта, дар нигоҳ доштани мувозинати табиат ва обу ҳавои минтақа нақши муҳим дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед