Ru  | Tj
Аз зебоипарварӣ то зебоиофаринӣ. Гулмираи 28-сола аз муҳраву нигин киф месозад
Аз зебоипарварӣ то зебоиофаринӣ. Гулмираи 28-сола аз муҳраву нигин киф месозад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз зебоипарварӣ то зебоиофаринӣ. Гулмираи 28-сола аз муҳраву нигин киф месозад

Нашр шуд

Сохтани кифҳои зебову диданӣ аз ҳар як ҳунарманд дар навбати аввал идея ва маҳорати баланди касбиро тақозо мекунад. Гулмира Нарзиеваи 28-сола аз нигину муҳраҳо барои занону бонувон кифҳои дастии зебо омода мекунад. Ҳунаре, ки ба тоб додани чархи зиндагияш ёрмандӣ мекунад.

Ӯ ба муаллифи Halva.tj дар бораи шеваи сохтани чунин кифҳо нақл кард, то дигар духтарон низ мисли ӯ даромад ба даст биоваранд.

АЗ ҶУСТУҶӮИ ИНТЕРНЕТ ТО ОМӮЗИШИ ҲУНАР

Гулмира Нарзиева, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон аст. Аз вилояти Суғд ба ин ноҳия сунҳор (келин) шуда омадааст. Беш аз 10 сол аст, ки дӯзандагӣ мекунад. Дӯзандагиро барои худ ва бавижа бонувони хонашин беҳтарин шуғл медонад. Аммо мегӯяд, бархе аз духтарон ҳатто аз одитарин кори дӯзандагӣ бархурдор нестанд.

Ӯ маъмулан ба дӯхтани куртаву сохтани кифҳо машғул мебошад. Мегӯяд, дар сохтани кифҳо шабакаҳои интернетӣ барояш кумак кардааст.

«Чунин кифҳоро дар интернет дидам, ки ба ман бисёр писанд омад. Аслан мо – занҳо зебоипарвар ҳастем ва зебоиро дӯст медорем. Муҳра ва нигин табиатан ҷило медиҳанд. Ин кифҳо, ки аз чунин ашёҳо омода шудаанд, зебо ҳастанд», - мегӯяд Гулмира.

КИФҲО ЧӢ ГУНА СОХТА МЕШАВАНД?

Ин ҳунарманди ҷавон ва соҳибкасб, ки таҷрибаи дӯхтану бофтанро дошт, сохтани чунин кифҳоро аз тариқи интернет омӯхт. Ҳарчанд дар навбати аввал кори мушкил буд, бо мурури замон устоди ин ҳунар шуд. Дар интихоби ранг то кунун аз фазои маҷозӣ баҳра мебарад. Ҳамакнун ба духтарони ҳамсоя низ ин ҳунарро меомӯзад.

Қаҳрамони мо нақши расонаҳои иҷтимоъиро дар омӯзиши кори ҳунармандӣ ва муаррифии молу маҳсулот барои занону бонувон хеле бориз арзёбӣ карда, барои сайқал додани ҳунару маҳорат Инстаграму Фейсбук ва Ютубро тавсия медиҳад.

«Барои сохтани чунин кифҳо танҳо сӯзану ресмон (зиҳ) лозим аст. Ширеш даркор нест. Онҳое, ки мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд, метавонанд аз дарсҳои ютубӣ баҳра баранд», - иброз медорад ин ҳунарманд.

«ҲАТТО АЗ ШАҲРИ ХУҶАНД ФАРМОИШ МЕГИРАМ»

Кифҳо вобаста ба ҳаҷм ва пули сарфшуда нархгузорӣ шудаанд. Ин гуна кифҳоро бештар арӯсон мехаранд. Гулмира мегӯяд, барои таъмини рӯзгори хонавода ба як ҳунарманд танҳо дӯхтан не, балки бофтану сохтани дигар ашёи дархӯри мардум хеле муҳим аст.

«Мизоҷони маҳсулоти ман бештар арӯсҳо ҳастанд. Арзиши кифҳо аз 200 сомонӣ сар мешавад. Баъзе афрод гарон мегӯянд, вале як қуттии муҳра 50 сомонӣ ва ресмон (зиҳ) 25 сомонӣ нарх дорадАфзун бар ин занҷираҳо барои дастаҳо лозим аст. Дар як киф тақрибан 150 сомонӣ сарф мешавад», - нақл мекунад Гулмира.
Кифҳои аз муҳраву нигин омадашуда дар бозорҳои минтақа тақрибан нест ва ё хеле кам ҳаст, зеро моли нав мебошад. Гулмира Нарзиева мегӯяд, ки харидорони маҳсулоташ кам нестанд, аммо он ҳам дар асоси дархосту супориш омода мешавад. Ҳатто аз духтарони шаҳри Хуҷанд низ фармоиш мегирад.

УСТОДИ ҲУНАР

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соҳибкасб шудани занону бонувон Маркази омӯзишии интихоби касб фаъолият мекунад, ки Гулмира 5 сол боз дар онҷо ба ҳунаромӯзон нозукиҳои касби дӯзандагиро меомӯзад. Мегӯяд, ин рӯзҳо таваҷҷуҳи духтарон ба омӯзиши ин шуғл бештар шудааст.


“Дар баробари таълиму тарбияи фарзанд ва кори хона фармоиши духтаронро қабул мекунам. Кӯшиш мекунам, ки дар таъмини хонавода саҳми худро гузорам. Хубии ҳунари дӯзандагӣ дар он аст, ки дар хона пул кор кардан мумкин аст. Ҳамеша ба шогирдонам таъкид мекунам, ки ҳунарманд шаванд”, - гуфт Гулмира Нарзиева.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед