Ru  | Tj
Бекмурод Иброҳимзода. Омӯзгоре, ки 40 сол зинтарошӣ мекунад
Бекмурод Иброҳимзода. Омӯзгоре, ки 40 сол зинтарошӣ мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Бекмурод Иброҳимзода. Омӯзгоре, ки 40 сол зинтарошӣ мекунад

Нашр шуд

Бузургони дирӯзу имрӯзамон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар фард бояд дорои дониш, хираду ҷаҳонбинӣ ва касбу ҳунари мувофиқ бошад, зеро ягона василае, ки инсонро аз мушкилиҳо мераҳонаду дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардаонад, маҳз илму ҳунар аст. Аз ин рӯ, волидайн низ пайваста ба фарзандонашон омӯзишу илму маърифат ва касбу ҳунари мувофиқро таълим медиҳанд. Вақте ки офтоб тулӯъ мекунад, садои бархӯрди теша бо чӯб ба гӯш мерасад ва ин асбоб дар дастони пурҳунари Бекмурод Иброҳимзода як олам роз дорад.

 

АЗ ФАННИ ФИЗИКА ТО ҲУНАРИ ЗИНТАРОШӢ

Бекмурод Иброҳимзода 28 июли соли 1957 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди сеюми хонавода ба ҳисоб меравад. Соли 1974 мактаби зодгоҳашро хатм намуда, ба факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуд. Собиқаи беш аз 40 соли кор ба ҳайси мураббӣ ва омӯзгори фанни физика дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро соҳиб аст.

Ӯ аз айёми ҷавонӣ ба зинтарошӣ майл дошт. Имрӯз ҳам ин ҳунарашро идома медиҳад. Усто Бекмурод ҳар рӯзи зиндагии худро бо меҳнати ҳалол мепайвандад. Ин ҳунарро дар ҷавонӣ азхуд кардааст. Он замон ба ҳайси омӯзгор ба ноҳияи Файзобод фиристода шуд. Дар вақтҳои холигӣ ба чӯбтарошӣ майл кард ва дилбастаи ҳунар гардид.

- Ҳунари зинтароширо замони ҷавонӣ аз усто Муслиҳиддин, ки дар ноҳияи Файзобод дар деҳаи Ҷавонӣ мезист, омӯхтам. Онҷо меҳмонӣ рафтаму ҳунари зинтарошии ӯро дидам ва ба омӯзиши ин ҳунар шавқ кардам. Ҳамин тавр, дилбастаи ҳунари зинтарошӣ шудам ва ҳар рӯзи худро бо гирифтани тешаву чӯби бед ба даст оғоз мекардам, - қисса кард усто Бекмурод.


Қаҳрамони мо аз давраи ҷавонӣ то имрӯз дар баробари дигар фаъолиятҳо зинтароширо низ идома медиҳад ва дар як сол то 25-30 дона зин барои харидорон омода менамояд.

Зинтарошӣ кори осон нест. Барои он ки зини асп шинам ояд, усто аз интихоби чӯб то пӯсти гов ба ҳар нозукӣ диққат медиҳад. Ҳунари зинтарошию зинсозӣ бо илмҳои дақиқ алоқаманд аст. Зинтароши хуб, пеш аз ҳама, бояд аз ҳандаса огаҳ бошад. Бекмурод Иброҳимзода зимни суҳбат зикр дошт: «Зинтарошӣ меҳнати зиёдро металабад, барои он ки зин хуб ояд, зинтарош бояд як кундаро гирифта ба ҳафт қисм тақсим намояд ва баъдан онро тарошида мисли дӯзанда ин қисмҳоро бо ҳам пайванд сохта, дар болояш чарми гов бикашад. Бояд диққат дод, то ки пӯсти гови ҷавон набошад, зеро чунин пӯст қувват намекунд ва зин зуд корношоям мегардад. Ҳамчунин зинро баъди омода кардан бояд то хушк шудан эҳтиёт кард, то зин нам нагирад ва росту ҳамвор шавад. Агар дар офтоб зиёд истад, каҷ мешавад. Ин марҳила нозукии хосро талаб мекунад. Вақте ки зин омода шуд, мо онро ба харидор супурда, як моҳи дигар фурсат медиҳем. Агар харидор дар зин мушкиле пайдо намояд, онро баргардонад, то сифати кори мо то охир хуб бошаду харидор розӣ», - гуфт ин ҳунарманд.

 

АЗ ДЕҲА ТО БА ХОРИҶА РАСИДАНИ ЗИН ВА ҲУНАРИ ЗИНТАРОШ

Усто Бекмурод дар айёми ҷавонӣ нахустин зинро аз дарахти тут мустақилона омода кард ва ба амакаш туҳфа намуда, дуои кор гирифт. Овозаи зинтарошии ӯ то ҳол деҳа ба деҳа паҳн гашта, аз ноҳия то вилоят ва ба хориҷи кишвар рафта мерасад.


Ҳунари зинтарошӣ далели он аст, ки гузаштагони мо аз қадим соҳибтамаддуну ҳунарманд буданд. Онҳо нафақат аспро ром ва парвариш мекарданд, балки барои истифодаи бароҳати он афзори мухталиф ихтироъ менамуданд, ки дар ин миён зин ҷойгоҳи хос дорад ва ҳам мувофиқ ба завқи фармоишгар сохта мешавад. Бекмурод Иброҳимзода низ дар қатори дигар ҳунармандон барои рушд бахшидани ҳунари зинтарошӣ талош кардааст ва ҳунари худро аз деҳа оғоз карда то ба кишвари ҳамсоя – Афғонистон онро бурдааст. Харидорони зинҳои омодакардаи усто Бекмурод дар ин кишвар эҳтироми хоссае доранд ба ҳунари ӯ. Зеро онҳо аз таҷриба ва заҳмати софдилонаи ин ҳунарманд огаҳанд.

- Дар сохтани як зин серкул, ҷадвал, нақша ва дониши геометрӣ хеле зарур аст. Агар ба ҳунар ва кори худ таваҷҷуҳ накунем, ҳунар низ моро ному нон намебахшад ва ин танҳо исрофи вақту умр мешаваду халос. Шояд ҳамин заҳматҳо боис гардида, ки имрӯз аз дохил ва хориҷи кишвар зинҳои моро харидор мешаванд, изҳор дошт Бекмурод Иброҳимзода.


Дар баробари зинтарошӣ ин ҳунарманд ба қамчинбофӣ ва кафлезтарошиву дуторсозӣ низ шуғл дошта, бештар дар аёми сардиҳо назди печи аловӣ нишаста, бо ҳамсари худ қамчинбофӣ мекунанд. Дар ин баробар набераҳо низ ба ҳунари бобояшон таваҷҷуҳ намуда, ҳар яке бо тарзи худ барои омӯхтани ин ҳунарҳо амал мекунанд.

Чӣ будани зинро аспсаворону човандозон хуб медонанд ва онҳо ба ҳунари устои зинтарош эҳтиром ва арҷ мегузоранд. Аз ин хотир ҳунари зинтарошӣ аз насл ба насл то имрӯз ҳифз шуда меояд. Вақте ки устои зинтарош ба аспсаворию асппарварӣ завқ дошта бошад, он гаҳ дунёи ӯ пур аз шӯру шавқ ва дилгармӣ ба ҳаёт мегардад. Усто Бекмурод шефтаи ин тарзи зиндагӣ аст. Соате бо чӯб роз мегӯяд ва соате бо асп, ки ин ҳарду олами зебоеро пеши назар меорад. Дилбастагӣ бо асп ба ӯ оромиш мебахшад. Ҳамеша бо аспҳои худ аст. Нисбати онҳо ғамхорӣ мекунад ва аз шодиашон завқ мебарад.


«Асппарварӣ барои мо аз кӯдакӣ мероси падарист. Асп дӯсти инсон аст ва он зеби ҷавонмард аст. Ҳама бузургони таърихи мо асппарвариро меписандиданд. Аспро бояд дӯст дошт. Аспи ман Марс ном дорад ва ӯ себро хеле дӯст медорад. Ҳолатҳое шуда, ки мо онро гум кардем, вале баъди чанде худ роҳи хонаро пайдо карда меомад. Аспсаворӣ лаззати хосе дорад, ки онро дар ҳеч нақлиёт эҳсос карда намешавад. Аспи хуб номбардори ҷавонмард аст», - баён дошт ин ҳунарманди хушзавқ.

 

БА ЯК МАРД ЧИҲИЛ ҲУНАР КАМ АСТ

Усто Бекмурод боғпарвар низ ҳаст. Ҳар гаҳ ба боғ ояд, ӯро набераҳо ва кабки дӯстоштааш ҳамраҳӣ мекунад. Тирамоҳ шохаҳои хушки дарахтонро буридан, симтурҳои муҳофизатиро аз назар гузарондан ва кӯдаконро ба боғкорӣ шинос кардан фурсати хуб аст. Меҳнати заҳматталаб подоши нек ва хушоянд дорад. Боғпарварӣ низ бо вуҷуди ранҷи зиёд доштан ба инсон манфиат ва ҳаловат меорад. Усто Бекмурод ҳам чанд соли умри худро сарфи ин пеша намуда, боғпарвари соҳибтаҷриба шудааст. Боғ дар домани талу теппаҳои кӯҳ ҷой гирифтааст. Акнун дар ин боғ себу нок, олуву бодом ва дигар дарахтони ба иқлим мувофиқ ба воя расидаву боровар шудаанд.


- Аз инсони нек боғ ва амали хуб мемонад, гуфтаанд бузургони мо. Барои зоеъ накардани лаҳзаҳои умр мо низ дар вақтҳои алоҳида боғпарварӣ мекунем. Сабзондану боровар кардани як дарахт мисли тарбияи фарзанд аст. Аз сабзишаш шоду аз хазонияш ғамгин мешавӣ ва барои рушду нумӯ ёфтанаш талош мекунӣ. Аз ҳосили боғ ба ҳамдеҳагон тақсим мекунем ва аз он ки ҳосили меҳнати мо хонеро ороиш ва гуруснаеро сер мекунад, шод мешавем, - баён намуд ин ҳунарманд.

Як маънии зиндагии усто Бекмурод аз дилбастагӣ ба дарахтони боғ иборат аст. Зеро ӯ чанд соли умрашро сарфи боғпарварӣ намудаву имрӯз худро дар миёни дарахтон муваффақу пирӯз дармеёбад. Маъни «давлати пирӣ рондан»-ро ҳам ба хайр кардан бо дастони худ вобаста медонад.


Дар пиронсолӣ боғ бунёд кардан шоҳкорӣ аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Бешубҳа инсони қавирода созандаву бунёдкор аст ва ин таҷрибаро ба наслҳои нав интиқол медиҳад. Дар ин ҷода бузургон барои хурдон намунаи ибратанд. Ишқу алоқа бо дарахтон, дӯст доштани кабк, аз меҳнат лаззат бурдан, дасти фитодаро гирифтан, зиндагии дигаронро осон намудан ва бо ин гуна амалу дарку ҳавасҳо зистан рисолати инсони созанда аст. Ин хислатҳо Усто Бекмуродро водор кард, ки ташаббускору ободгар бошад.

 

ҲУНАР ҲАДЯИ СОҲИБҲУНАР БА НАСЛАШ АСТ

Усто Бекмурод дар 23-солагӣ издивоҷ кард ва дар тӯли умр соҳиби 6 фарзанд шуд. Онҳоро бо меҳнати ҳалоли омӯзгорӣ, зинтарошӣ ва боғпарварӣ ба воя расонд. Соҳиби маълумоти олӣ кард. Ва ҳоло яке корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигаре табиб, сеюмӣ омӯзгор ва дар умум ҳар кадом бо касбу ҳунар ва мақому мартабаи шоиста дар хидмати мардум ва пайи ободии Ватан камар бастаанд. Зиндагиномаи падару модар барои фарзандону пайвандон ва насли баъдӣ намунаи ибрат аст.


Усто Бекмурод ҳамчун омӯзгор низ муваффақу сарбаланд аст. Зеро заҳматҳояш самар доранд ва натиҷа ин аст, ки шогирдони ӯ дар ҳар озмуну олимпиада ва ҳамоишҳои гуногун ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

Дар ҷаҳонбинии усто Бекмурод меҳнати ҳалол ҳикмати бузург дорад. Ӯ бо илм, ҳунар, санъат ва кабку асп роз мегӯяд. Ободию сарсабзиро дӯст дорад. Аз кӯҳҳои баланд арчаҳои хушбӯ оварда, дар ҳавлияш сабзондааст. Як рустоии софдил ва дилбастаи ҳунар мебошад. Деҳаи худро ба сад шаҳр иваз намекунад. Дар миёни ин ҳама шуғлу касбу кор бемор хоҳад шуд, агар зинтарошӣ накунад. Меҳнати ҳалол доруи таскинбахш аст, ки ба ҷисму рӯҳи ӯ осудагӣ меорад.

«Дар ҳар нафас ва ҳар лаҳзаи умри хеш шукр мекунам. Дар зиндагӣ ҳамаи неъматҳоро дорам, ки авлотарашон фарзандон ва ҳунарам ҳастанд. Дар баробари омӯзгорӣ ва боғпарварӣ зинтарошӣ мавқеи хоса дорад дар рӯзгорам. Дилбастаи ин ҳунарам ва завқ мебарам аз омода кардани зинҳо. Ният дорам зинтароширо ба яке аз фарзандон, ки ҳоло дар муҳоҷират аст, омӯзонам ва ин ҳунарро ба ӯ мерос монам, то ки баъди ман низ ҳунари зинтарошӣ пойдору номдор бошад дар ин ҷо», - гуфт усто Бекмурод.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед