
Дар Душанбе ба ифтихори солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мизи гирд баргузор гардид
Нашр шуд
Дар созмони ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» аз сӯйи Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ифтихори 78-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки собиқадори ҶБВ Мухтор Заргаров ва намояндагии сафорати Русия дар Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид.
Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон аз иштироки худ дар ин ҳамоиш изҳори хушнудӣ намуда, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе ва раиси ноҳияи Сино ҷиҳати таъсиси созмони «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» ва нигоҳ доштани хотираи иштирокдорони ҷанг изҳори сипосгузорӣ кард.
«Мо имрӯз чанде аз хонандагони мактабро ба ин ҳамоиш даъват намудем, то бинанд ва донанд, ки воқеияти ҷанг чӣ тавр буд», - гуфт Семён Григорев.
Ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор намуд, ки мо имрӯз барои истиқбол аз 78-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъ омадаем ва ин ғалаба ғалабаи натанҳо Русия, балки ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш Орифҷон Шарифов, собиқадори ҷангу меҳнат дар ноҳияи Сино суханронӣ карда, зикр намуд, ки ҳукумати кишвар пайваста аз ҳолу аҳволи собиқадорони ҶБВ, ҷангу меҳнат, иштирокдорони Чернобил ва маъюбони ҷанг дар Афғонистон бохабар буда, дар ҳал намудани мушкилиҳои иҷтимоии онҳо кумак мерасонанд. Илова бар ин ҳамасола дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ғалаба ва дигар ҷашнҳо аз сӯйи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе ва раиси ноҳияи Сино ба собиқадорони ҶБВ ва ҷангу меҳнат кумакҳои пулӣ расонида мешавад.
Инчунин дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар барои ҳимояи хоки Ватан рафтанд ва аз ин шумора наздики 92 ҳазор нафарашон дар ҷанг ҳалок шуданд. Боқимонда ба Ватан баргаштанд. Пас аз ҷанг 54 нафар тоҷикистонӣ барои корномаҳои бемисл бо унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ», 21 нафар бо ордери «Шарафи ҷангӣ» ва 56 нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба созмондиҳандагони он сипосномаҳо тақдим карда шуд ва аз ҷониби донишомӯзон дар васфи ҷанг, ғалаба, озодӣ сурудҳо хонда шуд, ки писанди ҷамъомадагон гардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед