Ru  | Tj
Достони қирғизбонуе, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон иваз накард
Достони қирғизбонуе, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон иваз накард
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Достони қирғизбонуе, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон иваз накард

Нашр шуд

- Ба фарзандон чӣ таълим додед?

- Зиндагӣ карданро.

- Зиндагӣ кардан аз нигоҳи шумо чист?

- Ҳунар ва ҷасорат доштан.

- Ҳунар аз чӣ пайдо мешаваду ҷасорат аз чӣ?

- Ҳарду ҳам аз таҳсил!

- Фарзандонро хонондед?

- 5 фарзанд дорам. Ҳама соҳибмаълумотанд.

- Касбу пешаашон куҷост?

- Фарзанди калонӣ ба ҷойи ман мудири мактаб шуд. Фарзанди хурдӣ имсол донишгоҳро хатм мекунад, ниҳоӣ ҳанӯз донишҷӯ аст.

- Яъне аз паси модар рафтанд?

- Шукр.

Ин суҳбати кӯтоҳ оғози достони тӯлонии муаллими аспсаворест. Ӯ дар болои асп бузург шуда. Писандаш аст вафодорӣ ба ин ҷондори безабон. Бо ӯ буданро хуш дораду ғазабашро суҳбати асп фурӯ менишонад. На ҳама ҷонваронро дӯст медорад, вале асп маънои дигар дорад дар рӯзгори ӯ. Пушташ мебарояду дур мешавад ғамаш. Тавъам аст рӯзгораш бо асп.

РУҶӮЪ

Хеле кам иттифоқ уфтода, ки ӯ пойи пиёда гашта бошад. Мардум бештар чун муаллими аспсавор мешиносандаш, зеро солҳо сарвари мактаб буд. Ва маҳз ҳамон айём низ болои асп. Ор надошт аз касеву бим аз чизе. Озод мегашт бо худрави вафодораш.

Чинигул 54 сол дорад. Аз ин масир фаротар аз 50-и онро болои асп гузаронида. Ӯ 9 сол пайи таълим рафт. Бо як маълумот қонеъ нашуд. Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Рашт ба таҳсили дувум шавқ пайдо кард. Ҳамзамон фаротар аз 12 сол сарвари мактаби №45-и деҳаи Навдиёри ноҳияи Лахш буд.

Ҳам сарвар асту ҳам модар. 5 фарзанд дораду бештар аз садҳо шогирд. Масири 22 сол дар ҷодаи пуршарафи омӯзгорӣ гом бардошт. Ба фунуни дақиқ рӯй оварду мударриси физик ва риёзиёт шуд. Имрӯз Чинигулу хонаводааш ҳам дар замин заҳмат мекашанду ҳам дар мактаб.

Ӯ қирғизтабор асту зодаи деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Лахш дар соли 1969. Соли 1987 дари бахт ба рӯяш во шуд ва қадам гузошт ба остонаи шавҳар. Бо марде аз табори худаш ҷуфт шуд. Баъди як соли рӯзгори муштарак ҳаёти мустақилро шуруъ карданду ӯ бо дуои шавҳар дар намояндагии Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм дар ноҳияи Лахш таҳсил кард. Замони таҳсил аллакай соҳиби 2 фарзанд буд.

БО ОРЗУҲОИ КӮДАКӢ

Чинигул ҳанӯз кӯдак буд, ки оташаки омӯзгорӣ дар умқи қалбаш шуъла андохт. Ҳар боре, ки ба мактаб мерафту дар дарсҳо ширкат меварзид, баҳри дилаш бештару беҳтар боз мешуду ин муҳаббат қалбашро мефишурд.

Ёд надорад, ки боре бидуни омодагӣ ба мактаб рафта бошад. Ҳар шом баъди тановули ғизо сар ба рӯйи китоб хам мекарду то посе аз торикӣ мехонд. Мехонду мехонду мехонд. Ва хонданаш самар овард.

Замоне ки хатмкунанда буд, дар миёни чорроҳа монд. Ҳуҷҷатҳо дар даст куҷо рафтанро меандешид. Чанддила буд. Куҷо равад? Духтарони дугонааш мехостанд ҳамшира шаванду ӯро ҳам бурданд, вале барои дохил шудан ба Омӯзишгоҳи пизишкӣ муваффақ нашуд. На маъюс, балки шод гашт, зеро ҳадафаш омӯзгор шудан буд, на пизишкӣ. Ва рафт ба пешаи орзуи кӯдакиҳояш. Омӯзгориро дар меҳвари интихоб қарор дод. Онҷо ҳам бо сари баланд хонд ва ба диёраш омаду омӯзгор шуд.

Дар як вагон мактаб ташкил карда, ба фаъолияти омӯзгорӣ камар баст. Баъди ин бо роҳбарии ӯ дар бинои собиқи совхози деҳа мактаби ибтидоӣ созмон доданд. Он замон ҳамагӣ 10 донишомӯз доштанд. Бо мурури замон аҳолии деҳа меафзуду талабот ба мактаб ҳам бештар мешуд ва донишомӯзон ҳам баъди хатми зинаи ибтидоӣ барои идомаи таҳсил бештар аз 6 километр роҳро пиёда тай мекарданд.


АЗ ОДӢ ТО ОЛӢ

Чинигул то як поси шаб чун ҳини донишомӯзӣ мешишту барои фардо муҳтавои дарс менавишт. Ғами шогирдонро сахт мехӯрд, ҳарчанд зиёд набуданд. Заҳматҳои шабонарӯзӣ ниҳоят бор оварданд. Ӯ аз муаллими ҷавони навомӯз ба омӯзгори собиқадори сахтгир мубаддал мешуд.

Баъди чанд соли фаъолият заҳмату таҷрибааш кор доду ӯро сарвари мактаб таъйин карданд. Дар ин масир 12 сол зимоми роҳбариро дар даст дошт. Баробари муҳаббати касб ишқи заминиро ҳам дар дил нигоҳ медошт. Ин буд, ки духтари калонӣ ҷойгузинаш гашту худ рафт ба миёни замин. Акнун омӯзгори одисту сарвари ширкати кишоварзӣ.

Ширинмоҳ Шарифзода, мудири бахши маорифи ноҳияи Лахш мегӯяд, Чинигул аз ҷумлаи камшумортарин омӯзгорони қирғизтабор аст, ки тӯли наздик ба 20 сол сарварии ниҳодеро бар дӯш дошт, ки бо талошу заҳматҳои худаш созмон дод ва ҳоло чун омӯзгори собиқадор он ҷо пайи фаъолият аст.

ТАЛОШ БАРОИ НОНИ ДУВУМ

Картушка нони дувуми мардум аст. Онро болаззат мехӯранду таомаш ҳамеша лазиз аст. Ин хонавода имрӯз аз ҷумлаи картушкапарварони номдори Лахш ҳастанд. Кулли хонавода субҳи солеҳ ба замин меоянду шоми тор мераванд ба хона. Корашон бештар инҷост, ба истиснои ҳини кори мактаб. Ҳамин ки аз дарсҳо фориғ шуданд, рост ба картушказор мераванд.

Соле қабл барандаи кумаки молии раисҷумҳури Тоҷикистон шуду бо мақсади афзоиши кишти картушка ва бештар кардани ҳосилнокии он қитъаи таҷрибаиеро бо шумули замини корами худашон гирифтанд. Ширкати кишоварзии “Умед” созмон ёфт. Қаҳрамони мо ҳамакнун сарвари ин ширкат аст.

Таҷрибаи кишти картушка дар заминҳои онҳо борҳо мавриди омӯзиши моликони дигар навоҳиҳо шуда, ҳайати соҳибкорону ширкатдорони Суғду Хатлон чанд бор меҳмонашон буда. Онҳо бештар навъи “кардинал”-ро мекоранд, ки чанд соли охир дар ноҳияи Лахш аз байн рафтааст.

Онҳо дар заминҳои худ чанд анвоъи картушка киштаанд, чун пешпазаку сафеду сурху чанди дигар. Ҳолиё вақти бо онҳо ошноии мо пешпазакро мечиданд ва хеле ҷолиб. Дар ин кор ҳам асп барояш ёвар буд. Ӯ аз болои асп картушка мечид ва ин диққати моро бештар ба худ кашид.

Ӯ гуфт, миёни қирғизтаборон ангуштшумор касест, ки кумаки молии кишвардори Тоҷикистонро соҳиб ва худро аз ҷумлаи хушбахтҳои айём медонад.

ЁВАРИ БЕМИННАТ

Чинигул нақл кард, ки ба истиснои ҷуфтронӣ дигар дар ҳама маврид асп ёвараш асту тамоми корҳои заминро дар ҳамбастагӣ анҷом медиҳанд – дорупошӣ, хишоба, обмонӣ, чидан ва бурдан то анбор вазифаи ҳама аъзои хонавода аст.

Васка баробар ба узви оилаашон аст. Онҳо сетоянд – Васка ва бародару хоҳараш. Вале Чинигул бо ӯ бештар хӯ гирифта. Ҳарчанд чанд бор аз болояш сарозер омаду лат хӯрд, аммо меҳри ӯро раҳо накард, чаро ки аспсаворӣ ойини аҷдодияшон аст. Падараш човандози маъруфи водии Рашт буд бо исми Аюб Шарифов. Аюб ҳеч гоҳ аз пойгаҳҳо бе дастоваз ба хона наомада, зеро маҳораташ беҳамто буд.


Фарзанди ҳамин гуна падар аст Чинигул. Писарашро ҳам бо ин пайроҳа равон кард. Имрӯз ӯ човандози маъруф асту қаҳрамониҳои бобояшро такрор мекунад. Болои Васка бузро бо марраҷой ҳаво дода, бо қоливу кӯрпа ва куртаҳои бешумор ба хона меояд. Ин ифтихори модар аст.

Чун падараш човандози номдори минтақа буду пайваста ба пойга мерафт ва Чинигул ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекард, кораш аспсаворӣ буду шуғлҳои мардона. Бо аспаш дар чандин мусобиқаҳо ғолиб омад ва ҳатто замоне човандони рақами 1-и минтақа эълон шуд. Он замон дар ин пойга аспсаворзанони касбӣ аз Қирғизистон ҳам иштирок доштанд ва ӯ ҳамаи онҳоро пас гузоша, якум ба марра расид. Ӯ дар ноҳия ягона занест, ки ҳамеша савори асп мегардаду онро мардонавор медавонад.

МОДАРИ САХТГИР

Чун шавҳараш азм кард бо дигар ҳамватанонаш ба Қирғизистон кӯчад, Чинигул розӣ нашуд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд қирғиз аст, вале ватанаш Тоҷикистон асту маҳз ин ҷо зода шудааст. Бинобар ин ҳамроҳи ӯ нарафту фарзандонашро танҳо бузург кард. Ду духтари калонашро ба ду домоди тоҷик дод ва набераҳояш омехтаи ду миллатанд. Худаш 5 фарзанд дорад ва ҳоло соҳиби 7 набера аст.

Омина духтари калону Шукрона хурдии хонадон аст. Калонӣ сарвари мактаб асту хурдӣ омӯзгори ин даргоҳ. Ҳарду ҳам соҳибмаълумотанд. Фарзандони дигар низ соҳибтахассусанд, аммо ба аспу замин майли бештар доштаву пайи падар рафтанд. Духтарон чун бештар ҳамрози модаранд, дар қадамҷойи ӯ пой гузошта, имрӯз равшангарони роҳи ояндаанд.


Омина соли 2021 Донишгоҳи омӯзгории Раштро хатм карда, бо ҳадафи идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳо дар даст озими пойтахт шуд. Дар донишкадаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон азмашро хуш пазироӣ карданд ва инак донишҷӯйи соли дувум аст. Орзуи додгустариву омӯзгорӣ ҳамеша дунболаш ҳастанд ва ӯ ҳам ба қасди кӯдакӣ вакили мудофеъ шуд.

Ӯ аз рӯйи ихтисос ҳам ронандаи трактор асту ҳам омӯзгор. Ҳамзамон ба варзиш ҳам шуғл дорад. Замоне мошин меронд ва аз ҷумлаи аввалин пизишкони ноҳия буд, ки паси фармони худрав менишаст. Соли 2019 ҳангоми мулоқоти сарвари давлат бо аҳолии ноҳияи Лахш ӯ ҳамчун омӯзгор ва ронандабонуи трактор бо раисҷумҳури кишвар мулоқот кард. Ҳоло ба ҷойи модараш сарвари мактаб аст.

Шукрона ҳанӯз донишҷӯст. Дар риштаи забону адабиёти тоҷик ғоибона дар Рашт таҳсил мекунад. Дар ин баробар омӯзгори ин фунун дар мактаби зодгоҳаш аст. Бо қирғизу тоҷикҳо кор мекунад. Худ ҳам омехтаи ду миллат аст ва ҳеч гоҳ тафриқа нагузошта миёни ҳарду. Боифтихор мегӯяд, ки рисолати омӯзгорӣ дораду насли ду миллатро тарбия месозад. Ӯ ҳам баъди хатм маълумоти дувум гирифтанист.

Ӯ аз хурдӣ муҳаббати падарро хеле кам дид, зеро ӯ онҳоро тарк карда рафту оилаи дигарро саробонӣ мекунад. Ӯ дар тарбияи модар бузург шуд ва худаш ҳам аз пайи ӯ рафт. Падараш марди қирғиз буду забони тоҷикиро намедонист ва бисёр мехост ҳамроҳ бо дигар ҳамватанонаш ба Қирғизистон кӯч бандад, вале модараш розӣ набуд, ки ӯву фарзандонаш зодгоҳашонро тарк кунанд. Бинобар ин онҳо ҳамроҳ бо падар нарафтанд.

ОХИРСУХАН

Чинигул нақл мекунад, ки ин ҳама баракати асп асту замини картушка. Чаро ки даромади солонааш хонаи чандинҳоро таъмин месозаду орзуи фарзандонро амалӣ. Бекорони деҳа дар замини кишти ширкатҳои “Умед” кор карда, наволаи нон меёбанд. Имрӯз ӯро чун зани фаъъол ва пешқадами ноҳия мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед