Ru  | Tj
"Дов" - филме перомуни садоқат
"Дов" - филме перомуни садоқат
Аксҳо: Комрон Сафар

"Дов" - филме перомуни садоқат

Нашр шуд

Шоми дирӯз дар кинотеатри "Ватан" филми ҳунарии коргардони шинохтаи тоҷик Муҳиддини Музаффар бо номи "Дов" бори аввал намоиш дода шуд, ки дар он алоқамандони ҳунару синамо ҷамъ омаданд.

Дар оғози маросими бошукӯҳ ҳунармандону офарандагони филм аз рӯйи роҳрави сурх гузашта, дохили толор шуданд.


Қабл аз намоиши филм мудири "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён суханронӣ намуда, зикр намуд, ки синамо ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мо барои ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Филми "Дов" дар доираи "Барномаи давлатии рушди синамо барои солҳои 2018-2022 рӯи навор омадааст.


Ҳамчунин дар ин маросим Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки филми мазкур бори аввал 17-уми октябри соли равон дар Хонаи синамои шаҳри Маскав намоиш дода шуд, ки ин гуна муваффақият на ба ҳар кас муяссар мешавад.

Коргардон ва таҳиягари филми "Дов" Муҳиддини Музаффар зимни суханронӣ ба ҳамаи нафароне, ки дар сохтани филм саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён кард.


Ҳамчунин дар доираи ин маросим ҳунарманди забардаст Исфандиёр Ғуломов ва коргардон Муҳиддини Музаффар аз сӯйи раҳбарияти "Тоҷикфилм" бо нишони "Аълочии киноматографияи тоҷик" тақдир шуд.

Дар зимн ба дигар ҳунармандоне, ки дар филм нақш офариданд, "Синоснома"-и Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тақдим гардид.


Бояд гуфт, ки Муҳиддини Музаффар яке аз коргардонҳое мебошад, ки пайваста баҳри муаррифӣ кардани синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва рушди синамои касбии миллӣ талош мекунад. Филми нави ӯ "Дов" бозгӯкунандаи ҳаёти ду нафар дӯстони ба ҳам содиқ мебошад, ки дар солҳои 1993-юм зиндагӣ кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, воқеаҳои филм дар сатҳи баланд ва воқеӣ наворбардорӣ шуда, эҳсосот ва рафтори қаҳрамонҳо табиӣ ба назар мерасад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед