Ru  | Tj
Эътирози Ҳомид Карзай аз Имронхон. Сарвазири Покистон дар мавриди занони Афғонистон чӣ гуфт?
Эътирози Ҳомид Карзай аз Имронхон. Сарвазири Покистон дар мавриди занони Афғонистон чӣ гуфт?
Аксҳо: Аз Интернет

Эътирози Ҳомид Карзай аз Имронхон. Сарвазири Покистон дар мавриди занони Афғонистон чӣ гуфт?

Нашр шуд

Сарвазири Покистон дар нишасти Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Сомзони ҳамкории Исломӣ дар Исломобод гуфтааст, ки фарҳанги суннатии мардуми Афғонистон дар мавриди омӯзиши занон чунин аст ва ин воқеиятро ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд қабул кунад: “Ҷаҳон бояд ба суннатҳои Афғонистон, ба вижа дар заминаи омӯзиши духтарон эҳтиром бигузорад.” 

Ин ҳарфи Имронхон хашми фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистонро барангехт ва бархе аз онон бо мисол овардан аз таърихи ҳузури занон дар арсаи омӯзиш ба Имронхон гушзад карданд, замоне дар Афғонистон омӯзиши занон ҷоиз буд, ки ҳанӯз Покистон чун кишвар дар харитаи олам вуҷуд надошт.

Яке аз масъалаҳо ва ё шартҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* матраҳ намуда, ин фарогирии духтарон ба омӯзиш аст. Толибон бо фаҳмиши ифротие, ки аз Ислом доранд, ин амрро  мухолифи шариат медонанд ва аз замоне ки дар Кобул ҳоким шуданд, мактабравии духтаронро мамнӯъ  эълон кардаанд.

Сиёсиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон ба шиддат нороҳатии худро аз ин суханони Имронхон баён карданд. Аҳмадзиё Масъуд, ки замоне муовини Ҳомид Карзай буд, навишт: “Имронхон, нахуствазири Покистон дар нишасти Конфронси кишварҳои Исломӣ мардуми Афғонистонро як гурӯҳи қавмии фоқиди фарҳанг ва таълиму тарбият бо сохторҳои зиндагии қабилавӣ муаррифӣ кард. Бидуни шак, ягона мисдоқи рӯшан барои суханони Имронхон гурӯҳи Толибон аст. Аммо ин гурӯҳ намояндаи дигарон нестанд ва бо фарҳангу суннатҳои аксарияти қотеъи кишвари мо бисёр фосила доранд... Беш аз ҳазор сол аст, ки ҳавзаи тамаддунии мо зиндагии шаҳрӣ дорад ва аз бодиянишинӣ ва қабилагароӣ фосила гирифтаву таъсири фарҳангии бузурге бар ақвом ва миллатҳои ҳамҷавори худ гузоштааст. Дар фарҳанги мо ҷойгоҳи занон муҳтарам ва инсонӣ аст ва аз ҳуқуқи баробар дар омӯзиш ва кор бо мардон бархӯрдоранд. Маҳрум шудани миллионҳо зан аз дарсу кор барномаи гурӯҳи ҷинояткор зери ҳимояти Покистон аст ва рабте ба фарҳангу таърихи мо надорад”.

Сурайё Баҳо, нависандаи китоби “Раҳо дар бод” ва яке аз фаъолони зан дар хитоб ба Имронхон навишт: “Аз Имронхон бояд пурсид, гирем ва қабул кунем, ки занони қабила бар асоси суннати вопасгарои қабила бесавод нигоҳ дошта шаванд ва медонед, ки қабила ақибмондатарин воҳиди иҷтимоӣ аст. Пас чаро барои нобудии суннатҳои пӯсидаи қабила садо баланд намекунед, то ин мардум чун шумо ба рушди техналогия ва сохтани атом даст ёбанд?” Ин фаъоли зан бо ёдоварӣ аз таърихи ҳузури занон дар Покистон дар арсаи омӯзиш ва корзори сиёсӣ гуфтааст: “Ҳузури занон дар аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин дар сохтори сиёсӣ дар сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, миллӣ аз рӯзи таъсиси Покистон ҳудуди 70 сол пеш дида шудааст ва феълан дар ҳоли ҳозир 21 дарсад аз намояндагони парлумони мунтахаби Покистонро шомил шудаанд, ки дар воқеъ бо ин омор Покистон аз Амрико пешӣ гирифта ва қабл аз Англия қарор дорад”.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки мухолифи сиёсатҳои қабилавӣ ва  асримиёнагии Толибон асту омӯзиши духтаронро яке аз аслҳои муҳимми ҷомеаи Афғонистон ҳисоб мекунад, ба ин гуфтаҳои Имронхон эътироз кард. Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Майсам Назарӣ дар “Твиттер” навишт: “Касе ба Имронхон фаҳмонад, ки ҳувияти Покистон тавассути мардуми мо шакл гирифтааст. Мо як ҷомеаи қабилавӣ на, балки мағз ва меҳвари як тамаддун ҳастем, тамаддуне ки сабаби ғинои мазҳаб, фарҳанг ва низоми илмие шуд, ки имрӯз сутунҳои фуқароти ҳувияти кишварро месозад”.

Ҳомид Карзай, собиқ Президенти Афғонистон низ аз суханони Имронхон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Исломӣ дар Исломобод эътироз намуда, ӯро ба дахолат дар умури кишвараш муттаҳам кард. Ҳомид Карзай гуфт, ҳукумати Покистон набояд дар умури Афғонистон дахолат кунад ва ҳамчунон дар нишастҳои калони ҷаҳонӣ аз намояндагӣ кардан аз Афғонистон худдорӣ намояд.

Шоир ва пажӯҳигари шинохтаи Афғонистон Гулнур Баҳман низ вокуниши шадид ба суханронии Имронхон нишон дода, менависад, ки “Хеле тааҷҷуб кардам аз шунидани сухани нахуствазири Покистон, зеро наҳзати таҷаддудхоҳии занони Афғонистон умри садсола дорад ва духтарону занони Афғонистон, замоне  ки бидуни русарӣ ба мактаб ва донишгоҳ мерафтанд ва дар ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ кор мекарданд, дар Покистон духтарон ва занон дар асорат печида, дар зиндони хонагӣ буданду ранҷ мебурданд. Агар манзури Имронхон аз суннатҳои Афғонистон суннатҳои динӣ ва мазҳабӣ бошад, чаро ин нусхаро аввал дар Покистон татбиқ намедиҳад, ки фалсафаи пайдоиш ва эҷоди Покистон ифротияти динӣ аст?”.

Зани фаъоли шаҳрвандӣ аз қавми паштун Гулолӣ Софӣ, ки муборизи ҳуқуқи зан ҳам будааст, дар вокуниш ба бардошти Имронхон аз суннатҳои мардум эътироз кард: “Имронхон фаромӯш карда, ки фарҳанги Афғонистон таърихи тӯлонӣ дорад, вақте наҳзати занон дар Афғонистон оғоз шуд, кишваре ба номи Покистон вуҷуд надошт”.

Чанд рӯз пеш дар Исломободи Покистон нишасти Вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ баргузор шуд, ки дар он бисёре аз кишварҳои узви ин созмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Бархе аз кишварҳо пешниҳод намуданд, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии иқтисодӣ дар Афғонистон бояд чораҳои амалӣ андешида шавад. Дар ин нишаст, ки Толибон интизор доштанд ба расмият шинохта шаванд, ҳеҷ кишваре ҳозир ба барасмиятшиносии Толибон нашуд. Сарвазири Покистон Имронхон, ки дар суханрониаш аз ҳукумати Толибон ҳимоят мекард, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, то аз онҳо ҳимоят кунанд. Вазири хориҷии Толибон Амирхон Мутаққӣ бидуни байрақи расмии Афғонистон ширкат кард ва дар акси хотимавие, ки вазирони кишварҳои аъзои Созмон тибқи меъмул мегиранд, роҳ наёфт. Ин воқеа паёми возеҳ ба Толибон дод, ки агар ба хостаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки  эътирофи шакли зиндагии модерн ва пазириши ҳукумати ҳамашумул эътино накунанд, дар инзивоъи байналмилалӣ қарор хоҳанд гирифт.

Талоши Толибон барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз баргузории нишасти мазкур Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз кишварҳои исломӣ хоста буд, то Толибонро ба расмият нашиносанд.

Суханронии сарвазири Покистон Имронхон дар ин нишаст, ки нисбат ба Афғонистон суханони аҷибу ғарибе гуфт, ҷанҷол офарид. Суханони ӯ дар мавриди омӯзиши духтарон дар Афғонистон ба вокуниши шадиди сиёсиёни фаъоли Афғонистон рӯбарӯ шуд. Хеле аз коршиносон биниши Имронхон аз кулли ҷомеаи суннатии Афғонистонро як иштибоҳи таърихӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, Имронхон суннатҳои мардуми Афғонистонро аз дидгоҳи суннати қабилавии паштун дидааст. Онҳо аз таърих мисол меоранд, ки омӯзиши занон дар Афғонистон таърихи қадима дошта, ҳатто мактабҳои духтаронае ки дар Афғонистон фаъол буда, қабл аз истиқлоли Покистон таъсис шудааст.

Толибон як гурӯҳи террористӣ бо бардошти ифротӣ аз Ислом фаъолияти занону духтарон дар ҷомеаро маҳдуд кардаанд ва бо қабули қонунҳои сахтгирона бар зидди занон зиндагӣ барои ин қишри осебпазири ҷомеаи Афғонистонро сахтар намудаанд.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ дар ҳолест, ки кишвари Ҳиндустон, рақиби деринаи Покистон низ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар иртибот бо масъалаи Афғонистон нишасте баргузор кард. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Турманистон ва Қирғизистон ширкат намуда, доир ба ҳамфикрии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ташкили ҳукумати фарогир, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ироаи кӯмакҳои башардӯстона, ҳифзи ҳуқуқи занон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта таъкид намуданд.

*Толибон – ҳаракати эълоншудаи террористӣ аз ҷониби СММ


Ривояти фирори Ғанӣ пас аз моҳҳо. Наздикони Ашраф Ғанӣ сирри фирорро фош мекунанд!




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед