Ru  | Tj
Торихшиноси турк: “Фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) сарманшаъи тамаддуни туркӣ аст!”
Торихшиноси турк: “Фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) сарманшаъи тамаддуни туркӣ аст!”
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Торихшиноси турк: “Фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) сарманшаъи тамаддуни туркӣ аст!”

Нашр шуд

Профессори турк Илбер Уртойлӣ, ки яке аз торихнигорони машҳур ва барҷастаи турк аст, тайи чанд соли ахир бо навиштани мақола ва суханрониҳо таъсири фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) ба фарҳанги туркиро тазаккур дода, мегӯяд: “фарҳанг ва забони туркӣ дар баробари фарҳанги эронӣ монанди рустоӣ аст”.

Ин арзёбиҳои торихии профессори турк Илбер Уртойлӣ дар миёни туркҳо эътирофи ҳақиқати таҳрифшудаи торихист. Зеро аксари торихнигорони турк зери таъсири туркгаройӣ (понтуркизм) бо тазвиру ҷаълкорӣ талош мекунанд, ки таъсири тамаддуни эронӣ (тоҷикӣ) ва фарҳанги форсиро ба туркҳо инкор кунанд. Гоҳе аз ин бештар иддао мекунанд ва бархе ифтихороти эронӣ (тоҷикӣ)-ро бар туркҳо нисбат медиҳанд. Дар тозатарин ҷалъкории торихӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук олимони Узбакистон Сомониёнро кишвари туркӣ эълон карданд, ки ин ба вокуниши шадиди корбарони тоҷики ин шабака рӯбарӯ шуд. Камолиддин Шамсиддинов, профессори узбак аз ҷумлаи торихнигоронест, ки пайваста ин баҳсро доман мезанад. Ин баҳсҳо дар байни олимон дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар Туркия гурӯҳе аз торихнигорони мунсиф, аз қабили Илбер Уртойлӣ дар пайи эътирофи ҳақиқатҳои торихӣ ҳастанд ва бо суҳбату интишори мақолаву китоб нақши инкорнопазири фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) дар шаклгирии фарҳанги туркиро таъйид мекунанд.

Торихнигори турк Илбер Уртойлӣ, ки ба Эрон чандин маротиб сафар кардаву сафарнома ҳам навиштааст, дар суҳбат бо донишҷӯён дар робита ба бузургии фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) нисбат ба фарҳангӣ туркӣ ин нуктаро таъкид мекунад: “Фарҳанг ва забони туркӣ нисбат ба фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) рустоӣ аст. Мутаассифона мо як миқдор деҳотӣ ва бодиянишин ҳастем ва Эрон устоди мост. Яъне нақши Эрон барои мо туркҳо, монанди нақши Юнон барои урупоиҳост”.

Ин торихинигори турк бо зикри ин ки дигаргунӣ дар ҷуғрофиёи башарӣ дар торихи Эрон ба таври ҳайратангез хеле кам аст, меафояд: “Барои муқоиса мебинем, ки забони қибтии Мисри бостон маҳдуд ба гурӯҳи кӯчаке аз мардум ва танҳо дар калисоҳои он минтақа роиҷ буда ва ё аз Ҳинди бостон ҳам аз назари забон фақат чизи каме боқӣ мондааст. Аммо Эрон ин тавр нест. Имрӯза рӯшанфикрони эронӣ забони Сосониён, яъне паҳлавиро медонанд. Асотир ва достонҳои он даврон ҳанӯз зиндаанд. Афсонаҳои Элиада ва Одессеяи  Юнони бостон ин қадр имкони бақо дар миёни мардуми мудерн надоштааст. Дар Эрон ҳатто касоне, ки хондан ва навиштан намедонанд, достонҳои “Шоҳнома”-ро ба забон меоваранд”.

Ӯ дар робита ба таъсири фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ) ба туркӣ аз ин фаротар меравад ва дар суҳбат бо донишҷӯёни турк таъкид мекунад, ки суғдиҳо ба вуҷудоварандаи хатти туркӣ ҳастанд.

“Фақат як масъала ин ҷо вуҷуд дорад. Аммо ин масъала аз садаи 7-ум, яъне 600-и милодӣ ва аз садаи 8-ум, яъне 700 милодӣ аст ва мо бохабар ҳастем. Ва аз ҳама шигифтовар, албатта, ин суханони худи туркҳост, ки мавҷуд аст, навишта пайдо шудааст ва дар он аз нигориши туркӣ истифода шудааст. Дар ин робита манобеъе вуҷуд дорад, ки мегӯяд: “суғдиҳо алифбои гукии туркиро ба вуҷуд овардаанд. Суғдиҳо тоҷикҳои имрӯзӣ ҳастанд (Шарҳ: алифбои гукии туркӣ танҳо алифбои туркии торихӣ, воқеъ дар Урхуни Муғулистон аст). Ин маҳал дар Шарқ қарор дорад. Дар он замон туркҳо дар Муғулистони имрӯзӣ қарор доштанд. Узбакистон ва Осиёи Миёнаи имрӯзӣ дарвоқеъ Эрон буд ва ба забони дарӣ сухан мегуфтанд. Ин комилан возеҳ аст”, - мегӯяд торихнигори турк.

Илбер Уртойлӣ, ки риштаи тахассуси торихнигорияш торихи давраи усмонӣ асту дар робита ба ин чандин асар низ таълиф кардааст, ба ин натиҷа мерасад, ки маданияти эронӣ сарманшаъи маданияти туркҳо аст: “Эрон бисёр нақши муҳиме дорад. Эрон барои мо чизи хеле муҳиме аст. Сарманшаъи маданияти мост. Яъне, оғози маданияти мост. Барои мо – туркҳо маданияти Эрон бисёр муҳим аст”.

Эътирофҳои Илбер Уртойлӣ бисёр шуҷоъона ва гоҳе бар хилофи пиндорҳои идеулужии туркгаро (понтуркист)-ҳо мебошад. Чанд соле қабл ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Ҳабер”-и Туркия Абуалӣ пури Синоро, ки понтуркистҳо турк медонанд, эронӣ хитоб кард. Вай гуфт: “Ибни Сино турк нест! Зеро кишваре, ки дар он қарор дошт, имрӯз дар замони ҳол турк аст, яъне ҷануби Осиёи Миёна ва ё Узбакистони имрӯзӣ, ақвоми турк аз тарафи шимол ба он ҷо омадаанд. Он ҳам бисёр дер, дар замони Темур. Ба вижа, замоне ки раҳбари узбакҳо Муҳаммад Шайбонихон меояд. Аммо ин минтақаҳо ба оромӣ шурӯъ ба турк шудан мекунад, дар асл ин минтақа маҳалли забони дарии классик буд. Ҷойе, ки порсӣ сухан мегуфтанд ва забони порсӣ дар он бисёр ҳамагир буд”.

Вай дар мавриди таъсирпазирии забони туркӣ аз форсӣ ҳақиқати дигареро зикр мекунад: ”Ҳоло агар бихоҳем ба тарафи дигар нигоҳ кунем (шохаи шарқии туркӣ), масалан оё мехоҳед лаҳҷаи чағатоии Алишер Навоӣ ва ғайраро дар назар бигиред? Ӯ бисёр аз забони порсӣ истифода мекунад. Чун он кишваре, ки мо ворид шудем, дар асл кишвари порсӣ буд, яъне хоки кишвари Узбакистони имрӯзӣ тикахокест, ки дар он ба забоне, ки ба он дарӣ мегӯем ва  ё ҳамон порсӣ сухан мегуфтанд ва зеботарин ёдгориҳои маданияти эронӣ дар қуруни вусто (асри миёна) дар он кишвар қарор дорад”.

Таъсири адабиёти Эрон барои туркҳо инкорнопазир аст. Ин нуктаест, ки аксари мутахассисони ғарбӣ ва шарқӣ баён кардаанд. Як бахши умдаи эътирофоти профессор  Илбер Уртойлӣ роҷеъ ба таъсири адабиёти Эрон бар ҳавзаи туркӣ аст. Вай мегӯяд, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ касоне ҳастанд, ки вақте миллатҳои дигар рӯйи дарахтҳо зиндагӣ мекарданд, шеър тараннум кард. Бо ин далел ҳеч кас наметавонад аз шеъри эронӣ пеш  равад. Аз он ҷойе, ки падарони мо шеъри эрониро дарк карданд, мо ҳам тақлид кардем. Ӯ таъкид мекунад, ки туркҳо бо адабиёти Эрон иртиботӣ бостониву қуҳан, ҳатто қабл аз Ислом доштанд ва ин вазъият таъсири умда бар адабиёти турк ҳам доштааст.

Илбер Уртойлӣ дар соли 2009 дар рӯзномаи “Миллият” мақола дар боби таъсири адабиёти форсӣ бар фарҳангу адаби турк навишт ва дар он ёдовар шуд, ки ҳунар, асотир, умуман шеъри форсӣ таъсир бисёр муҳиме бар ташкили шеър, адабиёт ва тасаввуфи туркӣ гузоштааст. Албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки луғоти туркӣ ҳам дар забони форсӣ ба ҳама заминаҳои зиндагӣ ва ҳатто умури идориву низомӣ таъсир гузоштаанд. Дунёи турк бидуни Эрон ва Эрон бидуни дунёи турк қобили тасаввур нест. Ба бовари ӯ, таъсири забон ва адаби форсӣ бар фарҳангу забони туркӣ дар Осиёи Марказӣ низ қобили мушоҳида аст:  “Ба ҳамин ҷиҳат имрӯз ҳам дар Осиёи Марказӣ таъсири забони форсӣ дар фарҳанги туркӣ бисёр зиёд аст ва ин таъсироти фарҳангӣ ҳанӯз побарҷо ҳастанд. Осоре, ки аз давраи пеш аз Ислом кашф шудаанд, нишондиҳандаи робитаи наздики ин ду ҷомеа бо ҳамдигаранд”.

Торихнигори турк пас аз пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳои зиёд мавриди торихи замони усмонӣ ба ин хулоса меояд, ки “Дар Туркияи усмонӣ пайваста метавон таъсири фарҳанги Эронро мушоҳида кард. Китобхонаҳои мо пур аз китобҳои Эрон ҳастанд. Ҳунармандони мо бо ҳунармандони Табрез ва Исфаҳон ошно шуданд ва забону шеъри мо адабиёти Эронро бо эътинои тамом муҳофизат кард. Қарнҳои 18 ва 19-и милодӣ ду садаест, ки дар Туркия адабиёти Эрон бештар ва бештар аз ҳама давраҳои дигар баррасӣ шуда ва ҷо уфтодааст. Бахусус хонақоҳҳои Мавлавӣ аз назари омӯзиш, густариш ва ъишоъаи фарҳанг ва адаби Эрон нақши бузурге доштаанд”.


Профессор Илбер Уртойлӣ дар боби арзёбии ҷадиди торихи туркҳо танҳо нест. Гурӯҳе аз пажӯҳишарони турк бо дарёфти ҳақиқати торихӣ дар талошанд, ки торихи туркҳо аз диди нав омӯхта шавад. Омӯзиши торих бидуни қарор гирифтан зери таъсири сиёсат ва идеулужӣ ва анҷоми он дар чорчӯби меъёрҳои илмии навин яке аз усулҳои асосии кори профессор Элбер Уртойлӣ ва ҳаммаскалонаш мебошад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед