Ru  | Tj
«Мо наметавонем дар хона нишинем, зуд - зуд ба ягон ҷо меравем, чи тавр сокини Душанбе Ҷаъфар Осимов як бошгоҳ (клуб)-и дӯстдорони саёҳатро ташкил кард»
«Мо наметавонем дар хона нишинем, зуд - зуд ба ягон ҷо меравем, чи тавр сокини Душанбе Ҷаъфар Осимов як бошгоҳ (клуб)-и дӯстдорони саёҳатро ташкил кард»
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Мо наметавонем дар хона нишинем, зуд - зуд ба ягон ҷо меравем, чи тавр сокини Душанбе Ҷаъфар Осимов як бошгоҳ (клуб)-и дӯстдорони саёҳатро ташкил кард»

Нашр шуд

DaiDushki – ин бошгоҳи дӯстдорони саёҳат мебошад. Дар тарҷума аз тоҷики “Дайду” - саргардон ва “Душки” – шакли кӯтоҳи Душанбе буда, худи DaiDushki аз ҷониби таъсисдиҳандагони он ба маънои душанбегиҳои саргардон муаррифӣ карда мешавад. Душанбегиҳои саргардон ҳатто суруди худро доранд, ки аз таронаи русии Ёлки – Не брошу на полпути гирифта шудааст:

Аз нимароҳ нахоҳам гашт, намегӯям наметавонам,

Ҳар қадар сангин ҳам бошад, ман мерасам, ман мерасам...

Ин бошгоҳ аз ҷониби сокини Душанбе Ҷаъфар Осимов таъсис дода шудааст. Дар рӯзҳои муқаррарӣ ӯ оғуштаи кор аст, зеро роҳбари бахши автоматизатсияи ширкати мобилии Вавилон - Мобайл мебошад. Берун аз кор бошад, ҳаводорони саёҳатро гирд оварда, ба минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон сафарҳо ташкил мекунад. Сафари нахустини худро моҳи июли соли 2021 доир намудааст.


“Ин ном бо яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи мо, Мадина, ки ҳамчунин муррабии йога аст, матраҳ шудааст. Ӯ пайваста иброз менамояд, ки мо дар хона нишастан наметавонем, зуд – зуд ба ягон ҷо меравем, зеро мо дайду ҳастем”.


Чаро маҳз DaiDushki? ДайДушки – ин тарзи ҳаёт ва ҳолати зеҳнӣ мебошад, зеро тамоми аъзои ин бошгоҳро меҳру муҳаббат ба табиат, куҳҳо ва саёҳат муттаҳид месозад. ДайДушки руҳи хосаи худро дошта, аъзои он атрофиёнашонро бо фаъолияти пуртаъсирашон мафтуни худ мегардонанд. Саёҳат бо ДайДушки ҳамеша саргармкунанда буда, масоҳатҳои дароз ба туфайли шўхӣ, ҳикояҳои шавқовар, дастгирии мутақобил ва муттафиқӣ дар як нафас тай карда мешавад. Ташкилкунандаи DaiDushki Ҷаъфар Осимов қайд мекунад, ки партовҳои пас аз ҳар як саёҳатро онҳо дар табиати кушод нагузошта, бо худ ба шаҳр мебаранад, то муҳити атрофи мавзеъҳои ташрифовардаро тоза нигоҳ доранд. Саёҳат бо ДайДушкаҳо ғайримаъмулӣ ва хотирмон мебошад. Ин кашфи мавзеъҳои нав ба нав, қаторасаворӣ, истеъмоли буттамеваҳои кўҳӣ, бозӣ ва сурудхонӣ дар гирди гулхан, боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва сукунатгоҳҳои бостонӣ бо оинҳои суннатӣ, тай кардани масофа ва баландиҳои бузург мебошад.

- Чаро шумо тасмим гирифтед, ки худро ба кўҳҳо бахшед?

Муҳаббат ба саёҳат дар дили ман аз овони кўдакӣ, замоне, ки амакам маро бо худ ба шикор, моҳигирӣ ва тамошои занбӯрҳо ба занбӯристон (пасека) мебурд, нақш бастааст. Занбӯрхонаҳои чархдор ба сурати фаслӣ ба нуқоти мухталиф мунтақил мешуданд, яъне дар фасли баҳор ин мавзеъи Шаҳристон ва дар тобистон пахтазорҳо буданд.

Ёд дорам, ки боре мо муддати як ҳафта дар Шаҳристон дар дараи Охтангӣ таваққуф кардем. Рӯзона занбӯрҳоро нигоҳубин мекардаму дар вақти холӣ, барои сайди кабкҳо, ки оҳиста – оҳиста аз мо дур мешуданду, ҳангоми наздик омадани ман ба теппаҳои дигар мепариданд, ба кӯҳ мебаромадам. Шабонгаҳ бошад, ситораҳоро дар осмон бо ҳавас тамошо мекардам. Бори аввал дар Шаҳристон ман мазаи пиёзи анзурро чашидам, ки ниҳоят талх буд.

Фикри ташкили саёҳатро ба Чаъфар дўсти ў пешниҳод намуд. Ҳангоми саёҳати аввалин ҳатто роҳгум задем.


«Дӯсти ман Бобоҷон Ҳафиз, маъруф бо тахаллуси Бобби низ яке аз тафриқотчиёни фаъоли ДайДушки мебошад, ки ҳангоми омадан ба таътил аз кишвари хориҷӣ хатмкунандагони барномаи мубодиларо ҷамъ карда, шабнишинию зиёфатҳои муштарак ва албатта саёҳат ба кӯҳҳоро ташкил мекард. Ҳангоми буду боши навбатӣ дар шаҳри Душанбе Бобби ба ман пешниҳод кард, ки саёҳатро ба Темурдара ташкил кунем. Ин таклифи ў ба ман писанд омада, мо ҳамроҳ гурӯҳи хоҳишмандонро ташкил ва бо воситаи нақлиёт таъмин намуда, ба дараи номбурда равон шудем, вале мутаасифона аз сабаби надонистани маҳалл роҳ гум задем. Хушбахтона сокини маҳаллиро вохӯрдем, ки ба мо роҳи дурустро нишон дод. Бояд қайд кунам, ки роҳи мо аз ҷангали анбуҳ мегузашт, ки мо ин масирро муддати 2 соат тай кардем ва ниҳоят ба пайраҳае баромадем, ки моро рост ба лаби кўл бурд. Мо он сафарро муддати тӯлонӣ дар ёд хоҳем дошт» иброз намуд Ҷаъфар.

«Қуввати дидани кўли Моронро аллакай надоштем. Ҷаъфар борҳо ҳангоми сайри кӯҳӣ ба хатогиҳо роҳ медод, ки ба туфайли ин таҷрибаи бой ва саргузаштҳои шавқоварро ба даст овард».


«Ману дӯстам рухсатӣ гирифта, бо як борхалтаи хурдакак равонаи Искандаркӯл шудем. Қаблан ба мо гуфта будандд, ки дар онҷо пойгоҳи саёҳӣ мавҷуд аст, ки дорои тамоми лавозимоти зарурӣ мебошад ва аз ин рӯ мо бо худ ҳатто ғизоро ҳам нагирифтем. Ба Искандаркӯл бегоҳӣ расидем ва дар пойгоҳи саёҳӣ ба мо гуфтанд, ки ба ҷузъ аз консерваи ярмаи ҷав дигар ягон маводи ғизоӣ намондааст. Мо чунон гурусна будем, ки ярмаи ҷав ниҳоят боллазат намуд. Моро дар як хоначаи чўбини кўҳна бо рахти хоби фанарӣ (пружинный) ҷо ба ҷо гузоштанд. Шаб чунон сард буд, ки моро хоб набурд ва мо кўшиш кардем, ки аз гармидиҳандаи барқӣ баҳравар шавем. Субҳи рӯзи дигар бо мудири пойгоҳи саёҳӣ шинос шудем, ки номбурда ба мо тавсия дод, то барои боздид аз шаршара ва кӯли Морон равем. Барои ман ва дӯстам ин нахустин саёҳат буд, аз ин лиҳоз роҳ то шаршара ба мо ниҳоят дуру дароз менамуд. Роҳ то шаршара муддати чанд соат тӯл кашид ва маҳз хастагии мо тамошои кӯли Моронро имконнопазир кард».

- Чи тавр шумо метавонед кор, оила ва саёҳатҳои ҳафтаинаро якҷоя кунед?

-Кӯшиш менамоям, то тамоми масъалаҳои хизматиро дар ҷойи кор ҳал кунам. Гарчанде, ки кори мо иртиботи доимиро талаб мекунад, бо туфайли ҳамкасбон ва раванди дурусти ба роҳ мондаи тиҷоратӣ, ман худро дилпур эҳсос мекунам ва рӯзҳои истироҳатӣ маъмӯлан бе ягон ҳодисаи ғайричашмдошт мегузарад. Вобаста ба оила бояд қайд кунам, ки дар ин масъала нигоҳ доштани мувозинат нисбатан мушкил мебошад. Ба қадри имкон дар рафти саёҳат ҳамсар ва фарзандонамро бо худ мебарам, вале анҷом додани чунин иқдом на ҳама вақт ба ман муяссар мегардад. Новобасата аз ин, ман барои дастгирӣ аз ҳамсарам ниҳоят миннатдорам.

-Чанд маротиба ба саёҳат мебароед ва чи гуна масири сайругаштро интихоб мекунед?

-Амалан ҳар рӯзи истироҳат. Қаблан мо танҳо дар мавсими гармӣ ба саёҳат мебаромадем ва имрӯзҳо дарк кардем, ки бисёр чизҳоро аз даст додем. Зимистон, дар вақти барфӣ саёҳат ғайривоқеӣ мегузарад, аз ин лиҳоз мо ин иқдоми худро тамоми сол амалӣ мекунем.

Масири сайру гаштро маъмулан аз китобҳои куҳнаи шӯравӣ ё дар Интернет дастрас мекунам. Пайроҳаҳои зиёде дар сомонаи maps.me. ва сарчашмаҳои расмӣ дарҷ карда шудаанд. Саёҳати маҷозиро низ дар Google Earth ниҳоят дӯст медорам. Мавзеъи мавриди назарро интихоб намуда, аз баландии манор нақши муқарнас (рельеф)-ро меомўзам. Дар баробари ин худи аъзои ДайДушки низ мавзеъи саёҳатро интихоб ва пешнињод мекунанд.

-Пай бурдам, ки саёҳатҳои бисёр ғайримаъмулӣ доред, чи иқдомҳои дигари мутафовит доштед/доред?

-Доимо мехоҳам аз мавзеъҳои кашфношуда дидан кунам, ё ба макони маъруф, вале бо пайроҳаҳои нав равам. Ба унвони мисол, моҳи майи соли равон мо тавассути ағбаи Чапдара ба кӯли Алоуддин сафар кардем. То расидан ба соҳили кӯл шабро дар дараи Бодхона гузарондем. Дар ҳар як саёҳат мо бо сокинони маҳаллӣ ва чӯпонҳо суҳбат мекунем, зеро маҳз онҳо ба мо мавзеъҳои навро муаррифӣ менамоянд. Табиати мо аз ҳисоби мавҷудияти кӯҳҳо, дарёҳо ва кӯлҳо ниҳоят зебо мебошад. Мардуми деҳот хайрандеш, самимӣ ва меҳмоннавоз ҳастанд. Ман ба бисёр кишварҳо сафар кардам, вале чунин муносибати гарму дӯстонаро нисбати саёҳон дар ягон ҷо вонахғрдам.


Кӣ ва чи тавр метавонад барои саёҳат бо DaiDushki-ҳо пайвандад?

-Мо аз аъзоёни тозаворидшудаи ДайДушки истиқбол мекунем, зеро онҳо дар масъалаи дӯстдории табиат бо мо шарик мебошанд. Ба ҳайати онҳо намояндагони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳандисон, пизишкон, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, донишҷӯён, дастурдиҳандагони йога ва варзиши бадан шомил мебошанд. Бале дар байни аъзои ДайДушки ҳамкоронам аз Вавилон, ки ман онҳоро ба ин ҳангома ҷалб кардам, кам нестанд. Мутмаинам, ки дар байни хонандагони Халва низ чунин одамон, ки табиат ва кӯҳҳоро дӯст медоранд, зиёд ҳастанд. Маълумот вобаста ба саёҳатҳои минбаъдаро мо дар саҳифаи худ дар Инстаграм ё Телеграм @daidushki ҷойгир мекунем.

- Чи ҳолатҳо шуморо ба ин иқдомҳо ангеза медиҳад?

- Пеш аз ҳама аъзои ДайДушки, ки бо онҳо на якбору дубор ба саёҳат баромадам. Афроде, ки беҳттарин вижагиҳои инсонии худ, аз ҷумла некӣ, дилсӯзӣ, масъулият, диққаткорӣ, маҳорати бахшидани озурдагӣ, самимият, бомаърифатиро нишон медиҳанд. Агар гӯянд, ки дӯст дар мушкилӣ шинохта мешавад, пас дар саёҳатҳо одамро метавон чунон амиқ омӯхт, ки дар зиндагии рӯзммарра мутаваҷеҳи он намешавед. Дар баробари ин муҳаббат ба табиат низ ба ман ангеза медиҳад. Ҳиссиёти махсус дар ҳолате пайдо мешавад, ки ба теғаи ағбаи кўҳӣ мебарои, рекорди шахсии худро аз рӯи баландӣ ва ё масофат аз сар гири. Бисёриҳо моро девонаю бемори кӯҳҳо меҳисобанд ва чунин ҳам ҳаст, мо шефтаи қуллаҳои баланд ҳастем. Моро метавон Crazy DaiDushki номид.


- Чи тавре, ки ба ман маълум аст, тамоми хизматрасониҳои шумо ба ҳайси роҳнамо ва ташкилкунандаи саёҳат ройгон мебошанд?

- Ман ин корро ба он хотир мекунам, ки шефтаи он ҳастам. Ҳар як саёҳатро ман бо меҳри монда тарҳрезӣ намуда, тамоми ҷузъиёти онро амиқ меандешам, феҳристи таом ва тамоми хароҷот, вобаста ба сафарро ҳисобӣ мекунаму, аз ин амали худ лаззат мебарам. Бо ДайДушки мо тамоми хароҷот, хоҳ сафар ба кӯҳ бошад, хоҳ ба тарабхонаро баробар тақсим мекунем.

- Каме дар бораи оилаатон нақл мекардед, вақти холиатонро чӣ гуна мегузаронед ва ба чӣ кор машғул мешавед?

Ман ду духтари калонтар ва як писари 2-сола дорам. Духтари калониам айни замон барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ омодагӣ дида истодааст. Ӯ тасмим гирифтааст, ки ҳаёти минбаъдаи худро ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ бахшад. Духтари хурдиам бошад, ба технологияи компютерӣ бештар шавқу рағбат дорад. Ҳардуи онҳо ба гитаранавозӣ машғул мебошанд. Боре дар сафар ба Алаудинҳо онҳо шоми моро дар гирди гулхан бо суруд ва навохтани гитара шод гардонданд. Бегоњ пас аз кор ваќтамро бо писарам мегузаронам, ки ӯ хеле донишдӯст мебошад. Ду маротиба дар синни як ва ду солагиаш ӯро бо худ ба саёҳати Темурдара ва Кӯли калон бурда будам, ки ҳарду мавзеъ барояш хеле писанд омаданд.


- Чӣ лаҳзот ва иттифоқоти ҷолиберо метавонед аз саёҳатҳои худ дар ҳудуди Тоҷикистон ба ёд овард?

- Дар дараи Арху баҳори имсол мо бо сокини маҳаллӣ бо номи Саидхон, ки оилааш аллакай дар чанд насл ба занбӯрпарварӣ машғул аст, шиносоӣ пайдо намудем. Ба қавли ӯ соли 1989 барои асали онҳо махсус чархболҳо меомаданд.

Аз суханони Миҷгона, ки дар осорхонаи Панҷакент кор мекунад мо фаҳмидем, ки шахси бозии нардиро ихтироъ карда Бузургмеҳр ном доштаасту, ӯ ба ҳайси вазир дар дарбори шоҳи Сосониён Анушервон хизмат мекард. Нарди эҳдои ҷавобии Анушервон ба шоҳи Ҳиндустон буд, ки ба ӯ шоҳмотро тақдим кардааст.

Дар Мадма охирин сангари Деваштич, ҳокими Панҷакент ва Самарқанд (асри V-и мелодӣ), ки пайрави зардуштия буд, то ба имрӯз расму таомули бутпарастон риоя карда мешаванд.

Муоширати байниҳамдигарии яғнобиҳо, ки бо забони куҳани суғдӣ ҳарф мезаданд, ниҳоят шавқовар буд.

Нақшаҳои шумо дар оянда?

Дар якҷоягӣ бо ДайДушкаҳо кашф кардани мавзеъҳои нав, пайроҳаҳои тоза ва баромадан ба қуллаҳои нав. Тобистон дар рафти саёҳат ба Алои Бузург саёҳони рус ба мо феҳристи тамоми ағбаҳои кӯҳҳои Фонро тақдим карданд ва мо тасмим гирифтем, ки онҳоро пурра омӯзем.

Дуюм сол аст, ки мо мехохем ба Помир сафар ташкил кунем, ҳатто масири ҷузъиро барои 12 рӯз, ки кӯли Сарез, Қаракӯл, кӯлҳои дигар, инчунин чашмаҳои шифобахшро низ дар бар мегирад, таҳия кардем. Ман воқеъан мехоҳам, ки ин орзӯи деринаам соли 2023 ҷомаи амал пӯшад. Дар баробари ин бо яке аз ДайДушкаҳо мақсад дорем, ки қаиқрониро дар дарё низ ташкил диҳем.

Боз кадом иқдомҳоро мехостед амалӣ созед ва аз кадом мавзеъҳо дидан намоед?

- Ман воқеъан мехоҳам ба кӯли Виктория ё Зоркул, ки дар Помири шарқӣ воқеанд, сафар кунам. Ба яке аз сукунатгоҳҳои қадими шимол Вору низ ташриф оварда, дар Мастчоҳ қурутоб ва дар Бартанг ширчойро чашам. Ва албатта фатҳи нуқтаи баландтарини кишвари мо Исмоили Сомонӣ, ки баландии 7495 метрро дорад, орзӯи дили ман мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед