Ru  | Tj
Осорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат
Осорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Осорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат

Нашр шуд

Осорхона таърихи зиндаи ҳар як халқу миллат аст. Дар осорхона таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одат ҳифз карда мешавад. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ аст ва аз ин рӯ, на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар ҳар як шаҳру новоҳии он осорхонаи таърихие вуҷуд дорад. Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб яке аз осорхонаҳое мебошад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намудааст.

Доир ба нигораҳои таърихӣ, таваҷҷуҳи сайёҳон ва гӯшаҳои дидании осорхонаи мазкур бо корманди калони илмии он Санавбар Шарипова сӯҳбат намудем. 

- Муҳтарам Санавбар, нахуст каме дар бораи таърихи осорхона ва гӯшаҳои мавҷудаи он маълумот медодед?

- Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 7-уми сентябри соли 2006 таъсис ёфт. Яъне осорхона дар арафаи таҷлили 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таъсис гардидааст. Осорхона аз бинои сеошёна иборат буда, 6 шуъба ва 7 толори намоишӣ дорад. Дар осорхона шуъбаи таърих ва мардумшиносӣ  (иборат аз ду гӯша), шуъбаи Кӯлоби даврони Истиқлолият, шуъбаи табиати кишвар, шуъбаи шӯҳрати ҷангӣ, шӯъбаи санъати тасвирӣ мавҷуд аст. Осорхона дар оғози фаъолият ҳамагӣ 6 ҳазор нигора дошт ва имрӯз бошад шумори нигораҳои он ба беш аз 15 ҳазор расидааст. Ҳар як толори осорхона ба худ нигораҳои махсуси худро дорад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад.

- Бештари меҳмонони Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб нафарони кадом сину соланд?

- Тамошобинони осорхона аслан ҷавонону наврасон мебошанд. Бо вуҷуди ин, нафарони калонсол низ аз шаҳру навоҳии гирду атроф ва ҷумҳурӣ ба тамошои он меоянд. Ҳамчунин, толибилмону донишҷӯён ҳамроҳ бо  устодонашон меоянд. Боз хубтар мебуд, агар аз мактабҳои миёнаи навоҳии атрофи шаҳр низ омӯзгорон иқдом бикунанд, ки ҳамроҳи шогирдонашон биоянд, зеро ин ба ҷаҳонбинии насли наврас таъсир мусбат дорад.

- Оё сайёҳони хориҷӣ низ ба тамошои Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб меоянд?

- Алабатта, ҳар як сайёҳи хориҷие, ки аз шаҳри Кӯлоб дидан мекунад, аввалин ҷое, ки диққати ӯро бештар ҷалб мекунад, ин маҳз осорхона аст.  Гардишгарони хориҷӣ ба осорхонаи мо зиёд меоянд. Аксари ин сайёҳон ба тамошои шуъбаи таъриху мардумшиносӣ таваҷҷуҳ доранд. Соли 2021, аз осорхонаи мо 150 нафар сайёҳони хориҷӣ дидан кардаанд. 

- Дар осорхона чӣ чиз диққати сайёҳонро бештар ҷалб мекунад, яъне онҳо ба чӣ чизҳо бештар таваҷҷуҳ мекунанд?

- Диққати онҳоро беш аз ҳама либосҳои миллии тоҷикӣ, махсусан либосҳои чакан ба худ ҷалб мекунад. Дар осорхонаи мо навъҳои гуногуни куртаи чакан вуҷуд дорад, ки баъзеи онҳо аз замонҳои пеш то ба ҳол нигоҳ дошта шудааст. Ҳамчунин, кӯчаҳои қадимаи шаҳр ба мисли кӯчаи Чармгарон, Зовуд, Нонвойи боло, кӯчаи Заргарон, маҳаллаи Оҳангарон, ки ҳамаи онҳо бо расму русуми ҳамон давра нигоҳ дошта шудаанд, диққати сайёҳонро бештар ҷалб мекунад. Масалан, дар маҳаллаи Чармгарон тарзи истеҳсоли пойафзоли чармин, ки ҳоло дар бозор харидорони зиёд дорад ва тарзи истеҳсоли чарм дар замонҳои қадим нишон дода шудааст. Ё ин ки дар қабл чӣ гуна бо дастгоҳи дастӣ ҳар як хонавода барои худ аз пунба ва ё зағир равған истеҳсол мекард, нишон дода шудааст. Дидани чунин саҳнаҳои таърихӣ ва асбобу анҷоми қадима барои сайёҳон хушоянд аст. 

- Тавре мо мушоҳида кардем, дар осорхонаи шумо гӯшаи «хонаи русӣ» ва «хонаи тоҷикӣ» мавҷуд аст, каме дар бораи онҳо маълумот медодед.

- Дар осорхона ба хотири муаррифии фарҳангу тамаддун, тарзи меҳмоннавозӣ, ороиши дастурхон, тарзи либоспӯшии мардуми шаҳр дар замонҳои гузашта, гӯшаи хонаи тоҷикӣ таъсис дода шудааст. «Хонаи тоҷикӣ» бо ороиш ва ҷиҳози қадимаи худ анъанаҳои нек ва зебоипарастии халқи моро таҷассум менамояд. Дар фарогирии ашё ва ороиш ҳеҷ чизи зиёдатие вуҷуд надорад. Хонаи анъанавии тоҷикӣ  шоҳсутун, гулдузиҳои чаканӣ, курпа, болишт,  курпача ва гаҳвора дорад. Дар он падару модар ва фарзандони онҳо, ки яке дар гаҳвора хобидааст, тасвир шудааст. 

Дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ бо ҷалби бародарони рус ва дигар халқҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик шуруъ аз охирҳои солҳои бистуми асри гузашта дар шаҳри Кӯлоб ба сохтани корхонаҳои саноатӣ, биноҳои маъмурию истеҳсолии баландошёна, китобхона, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ба кор оғоз карданд. Дар он замон чун имрӯз Кӯлоб ба яке аз марказҳои бузурги стратегӣ ва фарҳангӣ мубаддал гашта буд, ки дар он дар қатори тоҷикон инчунин намояндагони дигар миллатҳо аз қабили русҳо, ӯзбекҳо, осетиниҳо, украиниҳо ва халқҳои дигар кору зиндагӣ мекарданд. Маҳз ба ин хотир, дар осорхона гӯшаи «Тоҷикистон дар оилаи ягона» вуҷуд дорад. Маҳз дар ин гӯша тарҳи хонаи русӣ инъикос шудааст, ки дар он падару модар бо фарзандон сари мизи хӯрокхӯрӣ нишастаанд. Дар он расму оини мардуми рус, тарзи ороиши хон тавсир шудааст, ки тамошобинон ба ин гӯша низ таваҷҷӯҳ мекунанд.

- Дар осорхона гӯшаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст ва аз тамошои осорхона мушоҳида намудем, ки дар ин ҷо либосҳои сарбозони он давр, ҷузвдон ва дигар асбобҳое, ки дар ҶБВ аз ҷониби сарбозон истифода мешуд,  гузошта шудааст. Инҳо аз ҳамон давра боқӣ мондаанд ё онҳоро аз сари нав сохтаанд?

- Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари дигар халқу миллатҳо халқи тоҷик низ баҳри дифои ватани худ қаҳрамонона мубориза бурда, ҷоннисориҳои зиёд кардааст. Аз ин рӯ, баҳри ҳифзи хотираи ин қаҳрамонони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар осорхона гӯшаи махсус таъсис додаем. Албатта сару либос, асбобҳои ҷангӣ ва ҷузвдону дигар лавозимте, ки дар осорхона мавҷуд аст, маҳз аз ҳамон давра боқӣ мондаанд ва ягон чизи сохта дар ин ҷо вуҷуд надорад. 

- Дар оянда баҳри беҳтар шудани фаъолияти осорхона чӣ нақшаҳо доред?

- Мо ният дорем, ки ҳарчӣ бештар нигораҳои таърихиро аз маҳалҳо, аз мардум ва аз осорхонаҳои шахсӣ харида, дар осорхона ба маърази тамошо гузорем. Ҳамчунин, боз ният дорем, гӯшаҳое таъсис диҳем, ки таъриху фарҳанги ин шаҳри қадимаро ба тамошобинон, махсусан ба сайёҳони хориҷӣ бештар муаррифӣ кунад.

- Ташаккур барои суҳбат. 


Муҳаммад аввалин Шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед