Ru  | Tj
Ширкати ҳамлунақли ПЭК вориди бозори Осиё мешавад
Ширкати ҳамлунақли ПЭК вориди бозори Осиё мешавад
Акс: ПЭК Тоҷикистон

Ширкати ҳамлунақли ПЭК вориди бозори Осиё мешавад

Нашр шуд

Ширкати русии ПЭК стратегияи нави рушди тиҷорат таҳти унвони «Роҳи абрешим»-ро эълон карда, дар ин замина дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия намояндагиҳои нави худро боз менамояд.

ПЭК – бузургтарин ширкати хидматрасонӣ дар соҳаи ҳамлунақли Россия буда, худро ҳамчун шарики боэътимод ва масъулиятнок нишон додааст. Соли 2022 ПЭК 21-умин солгарди таъсиси худро ҷашн гирифт.

Ин ширкат моҳи декабри соли гузашта бо иштироки соҳибкорони тоҷик, ки ба рушди тиҷорат ва тавсеаи бозорҳои фурӯш таваҷҷуҳ доранд, дар Душанбе як анҷумани густурдаи логистикиро баргузор намуд.


Роҳбарият ва менеҷерони ПЭК меҳмононро бо хидматрасонӣ ва самти фаъолияти ширкат шинос намуда, намояндагони сохторҳои салоҳиятдори Тоҷикистон дар мавриди иқтидори содиротии ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми анҷуман зиёфати идона барпо гардид, ки дар ҷараёни он ширкаткунандагон масъалаҳои тиҷоратиро муҳокима карданд.

ИМКОНОТИ СОДИРОТИИ ТОҶИКИСТОН

Ба қавли шарики ПЭК Бахтовар Аминов, «Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ ҳамеша ба унвони пуле байни мардумон ва ҳатто тамаддунҳои том хидмат мекард ва акнун метавонад ба як пайванде табдил ёбад, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқиро бо мамолики Ховари Миёнаю Аврупо бипайвандад. Ҳадафи стратегии ин ширкат эҳёи Роҳи бузурги абрешим мебошад».

Ҳукумати Тоҷикистон низоми миллии дастгирӣ ва рушди содиротро босуръат таҳким бахшида, дар ин замина бо назардошти самтҳои асосии соҳаи савдои хориҷӣ Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025-ро таҳия ва қабул кардааст.


Ҳамзамон дар кишвар Ожонси содирот, Коргурӯҳ (комиссия)-и рушди содирот ва Кумитаи мусоидат ба савдо низ таъсис дода шудааст.

Сохтори содирот дар ҷумҳурӣ сол то сол такмил дода мешавад: агар дар соли 2015 аз Тоҷикистон 342 анвои маҳсулот содирот шуда бошад, айни ҳол аз кишвар қариб 500 номгӯйи гуногуни маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда мешавад. Дар соли 2021 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,1 млрд доллар маҳсулот содирот карда шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2020 53% зиёдтар аст.

«Ман ифтитоҳи шудани ПЭК-ро дар Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими солҳои охир мешуморам, - таъкид мекунад намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков. - Мо медонем, ки сарзамини Тоҷикистон чӣ қадар аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ буда, маҳбубияти харидоронро дар Русия маҳсулоти кишоварзӣ сазовор шудааст. Инчунин ҳамкории кишварҳои мо дар густариши соҳаи нақлиёт ва ҳамлунақл хеле зарур аст!»



ДӮСТИИ ПЭК БО ТОҶИКИСТОН

Робитаи ПЭК бо Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2001, замоне ки нахустин шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Каримҷон дар ширкат ба кор қабул шуд, оғоз шудааст. Тӯли ин муддат ӯ тавонист, ки аз мақоми борбардор то мартабаи ҷонишини сардори маҷмааи анборҳо дар шаҳри Маскав бирасад. Ҳоло бо Каримҷон ду бародараш, писаронаш ва бародарзодаҳояш фаъолият менамоянд.

Илова бар ин ПЭК ду соли қабл нахустин маркази тамоси хориҷии худро дар шаҳри Душанбе боз кард. Маркази тамос дорои 38 нафар корманд мебошад, ки ҳамаи онҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Ин марказ дар як моҳ аз муштариёни ПЭК аз Маскав ва Санкт-Петербург беш аз 35 ҳазор занг қабул мекунад, ки тақрибан сеяки трафики воридотӣ мебошад.


Нахустин шуъбаи ПЭК дар Тоҷикистон охири моҳи сентябри соли 2022 дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Шуъбаи мазкур, ки бо анбори дараҷаи А+ бо масоҳати 1500 кв. м. муҷаҳҳаз шудааст, дар наздикии фурудгоҳи байналмиллалӣ ва шоҳроҳи М41 ҷойгир аст, ки минтақаҳои калонтарини Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад ва ҷумҳуриро бо кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Қирғизистон муттаҳид менамояд.

Алексей Третяков, мудири намояндагии ПЭК дар шаҳри Рязан мегӯяд: «Ман дар Тоҷикистон 1,5 моҳ зиндагӣ кардам. Дар ин муддат бо одамони зиёд дӯстӣ пайдо карда, аз ширкатҳои гуногун боздид намудам. Дар ҳар як вохӯрии нав ман бештар бовар ҳосил менамудам, ки мо ба ҳамдигар даркорем, мо метавонем ба мардум ва тиҷорати Точикистон нафъи калон оварем. Ман дар заминаҳои гуногун: аз колорасонии меваву сабзавот то қисмҳои автомобилӣ, аз бофандагӣ то масолеҳи сохтмон дархост мегирифтам».

ПЭК ЧИСТ?


ПЭК – ширкатест, ки дорои 200 шуъба дар Русия ва хориҷ аз он, 2,5 ҳазор воситаҳои нақлиёт дар паркҳои автомобилӣ, 10 ҳазор шарик, 13 ҳазор корманди доимӣ ва 4 миллион муштарии солона мебошад.

Мудири ширкат Ирина Фирсова рисолати ПЭК-ро чунин тавзеҳ додааст: «Мо имкониятҳоро барои рушд ва шукуфоии мардум, ширкатҳо ва ҷаҳон ба вуҷуд оварда, ба муҳите аз муносибаҳои самимонаву эътимодбахш замина мегузорем, то ҳамлунақл барои ҳама дастрас бошад».


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед