Ru  | Tj
Тоҷикон шоҳони чиноиро ба ҳайрат гузоштанд: Таърихи кашфи шиша
Тоҷикон шоҳони чиноиро ба ҳайрат гузоштанд: Таърихи кашфи шиша
Аксҳо: Аз Интернет

Тоҷикон шоҳони чиноиро ба ҳайрат гузоштанд: Таърихи кашфи шиша

Нашр шуд

Дар замони пешрафти илму техника дар санъати баланди меъморӣ ва истеҳсолот шиша ба таври васеъ истифода мешавад. Дар тиб ҳам зарфҳои шишагин безарартарин василаи нигаҳдошти маводи доруворию озуқа эътироф шудааст.


Оё медонед таърихи кашфи он чӣ гуна аст ва тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддуни Шарқ дар тарвиҷи истеҳсоли он чӣ нақш доштанд?


Кашфи шиша яке аз комёбиҳои барҷастаи инсоният аст. Қадимтарин зарфҳои шишагиро бостоншиносон аз Байнаннаҳрайн ва Миср ёфтаанд. Дар замонҳои қадим баъди оғози кулолгарӣ ва оҳангарӣ одамон сарфаҳм рафтаанд, ки ҳангоми пухтани зарфҳои сафолии дар хумдонҳои ҳарораташон баланд моддаи шишамонанд ба вуҷуд меояд. Чунин ҳол ҳангоми гудохтани фулузот дар зарфҳои лоин низ зоҳир мешуд. Ин мода дар асл сир буд, ки кашф ва истифодаи он ба ҳазорсолаи IV-и пеш аз мелод рост меояд.


Сир зарфҳои сафолиро зебо, мустаҳкам ва обногузар карда баъдтар дар бахши кулолгарӣ ва меъморӣ табадуллоте ба амал овард. Кашфи сир баъди андӯхтани таҷрибаи кофӣ ба истеҳсоли шишаи ҳақиқӣ сабаб шуд.

Аввалин ашёҳои шишагин дар ҳазорсолаи III-и пеш аз мелод сохта шудаанд. Истеҳсоли шиша сараввал тараққии чандон чашмрасе надошт, ки сабабаш паст будани ҳарорати хумдонҳои шишаобкунӣ будааст.

Дар онҳо шиша об нашуда, мум барин мулоим мегаштааст.


Зарфҳои шишагиро бо ду роҳ тайёр мекарданд:

1. Тавасути қолиб;

2. Ба пораи латта қумро баста, шишаи мулоимро ба шакли ресмон дароз карда, пас дар атрофии он мепечониданд ва баъд дар хумдон тафсонда ҳамвор мекарданд. Дар натиҷа он шакли зарфро ба худ мегирифт.

Тарзи дуюми истеҳсоли шиша заҳмати хеле зиёдро талаб мекард. Ду ҳазор сол пеш шишагароии суриягӣ дар ин соҳа дигаргунии калоне ба вуҷуд овард. Онҳо хумдони ҳарораташ баландро сохтанд, ки дар он шиша пурра об мешуд ва сохтани зарфҳои чун қабл акнун мумкин набуд. Дар натиҷа тарзи бо най пуф карда сохтани зарфҳоро кашф карданд.

Ин навигарӣ дар шишагарӣ тобадуллоти куллӣ ба амал овард ва баъди ин шишагудозӣ босуръат тараққӣ кард:

“Дар натиҷаи ковтуковҳои археологӣ исбот шудаааст, ки инсониёт ба шиша 7 ҳазор сол пеш аз мелод даст ёфтааст. Аввалин шишаҳое, ки инсон бо он ошно шудааст, дар натиҷаи ба вуҷуд омадани вулқон об шудани моддаҳое, ки аз он шиша омода мекунанд, пайдо шудааст. Нахустин бор мисриён ба истеҳсоли шиша машғул шуда, баъдан ихтирои онҳо ба дигар сарзаминҳо паҳн шудааст.” мегӯяд таърихшинос Сайнак Сайнаков.

Қадимтарин зарфҳои шишагӣ дар диёри тоҷикон зарфҳои гуногуне мебошанд, ки пеш аз қарнҳои охири ҳазорсолаи II-и пеш аз мелод ёфт шудаанд. Дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна аҷдодони мо аввалин шуда ба истеҳсоли шиша сар кардаанд. Бо мурури замон сарзамини тоҷикнишин ба маркази пешқадами шишагудозӣ табдил ёфта будааст. Аз хоробаҳое дар Самарқанд зарфҳои шаффофи кабуд ва зарандуди шишагӣ ёфт шудаанд, ки шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар асрҳои V-VШ дар Самарқанд, Марв Хуҷанд, Панҷакент ва бисёр шаҳрҳои дигар дӯконҳои шишагудозӣ мавҷуд будаанд, ки дар онҳо устоҳои гулдаст зарфу дигар асбобҳои рӯзгорро месохтаанд.

Тибқи баъзе аз гуфтаи таърихнигорон қариб 100 нафар ҳунарманди тоҷик дар Чин ба аҳли дарбор шишагудозиро омӯхтаанд. Дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ овардаанд, ки солҳои 713-755 аз ҷануби Тоҷикистон якчанд маротиба ба Хитой шишаҳои сурх ва зумрадрангро тӯҳфа бурдаанд.

Муаррихони чиноӣ қайд кардаанд, ки устоҳои Осиёи Миёна дар соли 424-и мелодӣ ба Хитой сафар карда, бо санъати шишагарии худ аҳли дарбори шоҳони Чиниро ба ҳайрат гузоштаанд. Баъдан дар ибтидои асри VIII аз Тахористон ба Чин шишаҳои қирмизӣ ва гулдор ворид кардаанд, ки боиси ҳайрати тоҷирон ва савдогарон гардидааст.

Ҳунари шишагарӣ аслан дар Самарқанд пайдо шуда, баъдтар ба дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар натиҷаи корҳои архелогӣ аз ин сарзамин шишапораҳое ёфт шудаанд, ки ба давраҳои давлатдории Сомониён нисбат дода шудааст. Зарфҳое, ки бостоншиносон пайдо намуданд, аслан ҷом, коса пиёла, кӯза, хумдон ва дигар ашёҳои рӯзгор иборат будааст. Ин ҳама зарфҳо танҳо барои сарватмандон ва аҳли дарбори шоҳон дастрас будааст”- иброз дошт таърихшинос Сайнак Сайнаков.

Қуллаи баланди шишагарии тоҷикон ба асрҳои IX-XII рост меояд. Дар ин давра сарзамини тоҷикон ба маркази калони шишагарӣ табдил ёфта будааст. Олимони бузурги тоҷик З. Розӣ ва А. Берунӣ аввалин бор шиша ва хосиятҳои онро таҳқиқ кардаанд. Истилои муғул ба тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷик зарбаи ҳолокатбор зад. Дар натиҷа санъати бисёрасраи шишагарии тоҷикон рӯ ба таназзул ниҳод.

Дар давраи Темур аз бисёр мамлакатҳои Шарқ ҳунармандони бешумореро асир карда оварда буданд, ки дар байни онҳо шишагудозон низ буданд. Онҳо барои сохтмонҳои бузург хиштҳои сарандуд ва шиша истеҳсол мекарданд. Вале ин ҳунар мисли пештара вусъат накардааст.

Баъди пароканда гардидани Темуриён истеҳсоли шиша суст мегардад. Дертар дар натиҷаи тохту този аҷнабиён ва кашмакашиҳои хону амирони бегона ҳунари нозук ва зебои шишагарии тоҷикон аз байн меравад.

«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед