Ru  | Tj
Ҷумъа Ҷӯрабоеви тоҷикистонӣ меҳмони Юрий Дуд шуд
Ҷумъа Ҷӯрабоеви тоҷикистонӣ меҳмони Юрий Дуд шуд
Акс: Намогирифт

Ҷумъа Ҷӯрабоеви тоҷикистонӣ меҳмони Юрий Дуд шуд

Нашр шуд

Ҷумъа Ҷӯрабоев, рассом ва десишгари хушноми тоҷик меҳмони вебнамой Юрий Дуд шуд. Ин нашри барнома рӯзи 23-уми январ дар YouTube пахш шуда, то ба имрӯз онро беш аз 2 милён бор тамошо кардаанд.

Дуд бо Ҷумъа дар бораи ҳуши маснуъӣ, воқеъияти маҷозӣ (VR), эҷоди ҷаҳон барои “Ҷангҳои ситорагон”, ҷанг дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар мавриди он ки чӣ гуна Ҷӯрабоев расми тобаҳоро мекашид, аммо вориди соҳаи филмсозӣ шуд, суҳбат кард.

"Ман дар як интернет-кафе зиндагӣ мекардам ва дар болои қуттиҳо мехобидам”, - гуфт десишгар дар ин мусоҳиба.

Гуфтанист, ки Ҷумъа Ҷӯрабоев дар Тоҷикистон ба дунё омада, ба камол расидааст. Ӯ ҳоло бо филмҳои машҳури Ҳолливуд кор мекунад. «Нигаҳбонони Каҳкашон», «Интиқомҷӯён: Асри Ултрон», «Конг: Ҷазираи косаи сар», «Ҷаҳони давраи Юра 2» ва силсилаи “Мандалоретс” аз коркардҳои ин десишгари тоҷик аст. Вай ҳамчунин нақши Уилл Смитро барои “Алоуддин”-и Гай Ричӣ десишгарӣ карда, якчанд десиши шахсони аслии Стивен Спилберг “Бозигари аввал омода шавад”-ро низ таҳия кардааст.

 

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед