Ru  | Tj
ГУЛРУХСОР: “МО ДАР МУҚОБИЛИ ЭРОН ЯК СИЁСАТ ДОРЕМ: ИШҚ МИЁНИ ФАРЗАНДУ МОДАР”
ГУЛРУХСОР: “МО ДАР МУҚОБИЛИ ЭРОН ЯК СИЁСАТ ДОРЕМ: ИШҚ МИЁНИ ФАРЗАНДУ МОДАР”
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

ГУЛРУХСОР: “МО ДАР МУҚОБИЛИ ЭРОН ЯК СИЁСАТ ДОРЕМ: ИШҚ МИЁНИ ФАРЗАНДУ МОДАР”

Нашр шуд

Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар суҳбате муфассал бо хабарнигори хабаргузории “Тасним”-и Эрон дар хусуси равобити жарфи таърихиву фарҳангии Эрон бо Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид кардааст, ки мо дар мyқобили Эрон дар маҷмуъ як сиёсат дорем: ишқ миёни фарзанду модар. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангии Эрон буда, он шабоҳат ба намоишгоҳҳои бузурги китоби Маскав ва Франкфурт дорад ва боиси ифтихор аст.

Гулрухсор Сафӣ ба суоли хабарнигор, ки пурсидааст “аз намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” чӣ хотироти ҷаззоб ва баёдмонданӣ доред, таъкид мекунад, ки “Ман дар бисёре аз намоишгоҳҳои байнулмилалии дунё, аз ҷумла Маскав, Франкфурт ва ғайра ширкат кардаам. Ба назарам ҳеч намоишгоҳе монанди намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” нест. Дар ҳеч ҷойи дунё намунаи онро надидаам. Дар намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” хонандагон ва нависандагон канори ҳам ҷамъ мешаванд ва китобҳои хубе ҳам интихоб мекунанд. Ҳамчунин баргузории маҳофили шоирона ва адибона аз дигар нукоти мусбати ин намоишгоҳ аст. Ман ҳабдаҳ сол дар намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” ҳузур доштам. Соли гузашта китобам бо номи “Гули ханҷарӣ” дар намоишгоҳ рӯнамоӣ шуд. Ба ҳамин хотир дар як калом мегӯям, ки бузургии намоишгоҳи “Китоби Теҳрон”-ро наметавон тавсиф кард. Мехоҳам бигӯям, миллате ки “Авасто” дорад, аввалин навишторро рӯйи коғаз пиёда кардааст, метавонад чунин намоишгоҳи бошукӯҳеро бо ҳузури мардум баргузор кунад”.

Гулрухсор Сафӣ бо зикри ин нукта, ки Эрон таърихи ҳафт ҳазорсола дорад, намоишгоҳи “Китоби Теҳрон”-ро донишгоҳе донистааст, ки барои худшиносӣ, хештанофаринӣ ва ифтихорофаринӣ муҳим аст:

“Ман дар намоишгоҳи китоб бо мутарҷимоне аз кишварҳои дигар суҳбат кардам, ки намедонистанд аз ҳайрат чӣ бояд бигӯянд. Намоишгоҳи байнулмилалии “Китоби Теҳрон” донишгоҳ аст. Донишгоҳе барои худшиносӣ, хештанофаринӣ ва ифтихорофаринӣ аст. Эрониён таърихи ҳафт ҳазорсола доранд ва миллати ориёиро таъриф мекунанд. Дар халқи китобҳои эронӣ касоне мушорикат доранд, ки худ аҳли китоб ҳастанд ва онро мешиносанд. Вақте мо дар рӯзҳои сахт, фақр ва маҳрумияти кишварамон сангбинои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузоштем, бархе гуфтанд, ки мо гурусна ҳастем ва шумо китобхона таъсис мекунед? Мо дар ҷавоб гуфтем: касе ки китоб мехонад, гурусна намемонад, чун китоб ҳамаро сер мекунад. Дар маҷмуъ ман хотироти бисёр зиёде аз намоишгоҳиКитоби Теҳрон” дорам. Барномаҳои суханронӣ ва маҳофили шеър, аз ҷумла барномаҳое буд, ки бо ҳузури ман дар намоишгоҳи китоб баргузор шуд. Хуш ба ҳоли касоне, ки ҳар сол ин намоишгоҳро кашф мекунанд. НамоишгоҳиКитоби Теҳрон” як ҷоизаи бузург аз офаридгор аст.”

Ба суоли “намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” чӣ нақше дар беҳбуди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эрон дорад” шоири шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки дипломатияи Тоҷикистон ва Эрон дипломатияи ишқ, муҳаббат, садоқат, ҳамҷаворӣ, хоҳару бародарӣ мебошад:

“Китоб барои ман аз дипломатия болотар аст. Яке аз ҷаззобиятҳо ва фавоиди ин намоишгоҳ ин аст, ки ҳатто тоҷикистониҳое, ки забони форсӣ намедонанд, аз ин намоишгоҳ барои худ китоб мехаранд. Ин аз муҳаббат болотар аст. Ба ҳамин хотир мо нисбат ба Эрон ва эрониён ишқу муҳаббати хосе дорем. Ҳар ҳукумат давраи сиёсат ва равиши хоси худашро дорад, аммо дар маҷмуъ мо дар муқобили Эрон як сиёсат дорем: ишқ миёни фарзанд ва модар”.

Ӯ ба пурсиши ин ки кадом китобҳои форсӣ дар Тоҷикистон бештарин тарафдорро доранд, таъкид кардааст, ки набояд чунин гуфт, ки кадом нависанда тарафдор дорад. Ӯ аз қавли шоири шинохтаи Эрон Ахавони Соли мегӯяд: “Марҳум Ахавони Солис устоди банда буданд ва шеъре ҳам барои ман суруданд. Вақте дар Олмони ғарбӣ дар маҳофили шеъри форсӣ ҳузур пайдо кардам, замоне буд, ки аз Кремлин омада будам ва дар парлумон узвият доштам. Он замон ба як забон суҳбат мекардем ва шеър мехондем. Устод Ахавон гуфтанд, ки чун аз шеър ва адаби форсӣ ҳарф мезанем, набояд бигӯем мо! Ин тавр нест, ки бигӯем фалон нависанда тарафдор дорад ва фалон нависанда тарафдор надорад”.

Гулрухсор Сафӣ бо зикри ин нукта, ки Эрон дар Тоҷикистон шинохта шудааст, вале он қадре, ки Эрон дар Тоҷикистон шинохта шудааст, Тоҷикистон дар Эрон шинохташуда нест, меафзояд:

“Албатта табиъист. Чун Эрон як кишвари бузург аст, ки реша ва модари мост. Мо тамоми вуҷуди Эронро аз худамон медонем, аммо ҷавонони аҳли китоб ва адаби тоҷик шеърро бештар дӯст доранд ва ҳар кас шиори худашро интихоб мекунад. Бо вуҷуди ин ки беш аз ҳафтод сол аст, ки ба хати сирилик менависему мехонем, дар тамоми Тоҷикистон боғ, муҷассама, тандисҳое ба номи шуарои эронӣ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно ва ғайра дорем. Ҳатто пайкари Куруши Кабир ҳам ба тозагӣ дар боғе насб шудааст. Ҳар чизе, ки ба решаи ориёӣ бармегардад, дар Тоҷикистон бо он пайванд дорем ва тарафдор дорад. Ман наметавонам аз нависанда ва шоири хосе ном бибарам. Фақат метавонам аз салиқаи худам суҳбат кунам. Бо ин вуҷуд вақте як тоҷик дар намоишгоҳиКитоби Теҳрон” ҳузур пайдо мекунад, ба ин ки аз ин реша ва модар аст, ифтихор мекунад”.

Ин шоири тоҷик дар хусуси суоли “кадом шоири зани эронӣ мавриди писанди шумост” мегӯяд, ки ӯ адабиётро ба ҷинсият тақсим намекунад ва мухолифи чунин бархурдҳост: “Ман аз он даста афроде ҳастам, ки адабиётро байни зану мард ҷудо намекунам. Имрӯз ҳар касе қалами хубе дорад ва хонандагон ӯро дӯст доранд, барои ман ҳам арзиш ва аҳамияти болое дорад. Ман дар интихоби нависандаи бартари зан ё мард бисёр сахтгир ҳастам. Ҳатто худамро шоир ҳисоб намекунам. Ман барои дили худам шеър менависам. Шеър, андеша, муҳаббат, ишқ, ҳунар ва ҳар он чӣ Офаридгор ба мо ҳадя додааст, ҷинсият надорад.”

Ин шоири тоҷик гуфтааст, ки Тоҷикистон давлати нав ба истиқлол расидааст ва Эрон бо таърихи ҳафт ҳазорсола дар заминаи ҳунари нашри китоб дастовардҳои чашмгир дорад. Ӯ ба пурсиши равобити ноширони тоҷику эронӣ, ки чандон қобили дид нест, меафзояд:

“Бале, надоранд. Чун эрониён таърихи ҳафт ҳазорсола доранд ва таърихи кишвардории мо фақат адади 33 солро нишон медиҳад. Мо як кишвари бузурги шуроӣ будем. Он замон 4 милён ҷамъият доштем. Мо фақат 33 сол аст, ки эъломи истиқлол кардаем. Ман аҳли инсоф ва имон ба маънои покиву таҳорат ҳастам ва умедворам Худованд ин муҳаббатро аз ман нагирад. Аммо мехоҳам бигӯям Эрон дар тайи ҳазорон сол сохта шудааст. Ҳатто сангнавиштаҳое, ки дар дили кӯҳ ҳаккокӣ шудаанд ва андарзҳои бузургон аст, нишон аз таърихи ғании Эрон дорад. Тоҷикистон 33 сол таърих дорад, ки нисфи ҷамъияти он ҳам муҳоҷират кардааст. Мо истиқлолро ҳамчун тифли навзоде дар оғӯш гирифтаем. Давом ва истеҳкоми ин истиқлол замон, ишқ, таҷриба ва сабурӣ мехоҳад”.

Гулрухсор Сафӣ дар робита ба суоли “ ҷавонони Тоҷикистон нисбат ба адабиёти Эрон чӣ ҳиссу назаре доранд, меафзояд:

Мо хеле ба адабиёти Эрон алоқаманд ҳастем. Асотиди мо дар донишгоҳҳо, мадорис ва макотибҳо аз бузургони адабиёти форсӣ суҳбат мекунанд. Агар Шумо ба яке аз рустоҳои Тоҷикистон биравед, мебинед, ки мардум чӣ гуна ашъори Рӯдакиро азбаранд. Бисёре аз онҳо намедонанд дар дунё чӣ хабар аст, аммо бо шеъру адабиёти эронӣ, аз “Бӯйи ҷӯйи мӯлиён” то шеъри имрӯз ошноӣ доранд. Қайсари Аминпуршоири бузурги эронӣ, яке аз дӯстони азизи ман буд. Китоби ӯ бо пешгуфтори банда дар Тоҷикистон мунташир шуд. Акнун Қайсари Аминпур ба унвони яке аз шоирони миллии тоҷик шинохта мешавад. Ин ки бисёре аз шоирон ва нависандагон мисли Қайсар дар Тоҷикистон шинохташуда нестанд, ба ин далел аст, ки шуморагони китобҳо кам аст. Мардуми мо бисёр мардуми шеърдӯсте ҳастанд. Миллате ҳастем, ки аз гаҳвора то тобут бо шеър зиндагӣ мекунем. Чун шеър ҳамон хиради олии инсонӣ аст. Ба ҳамин хотир мехоҳам бигӯям, ки надонистани мо нахостан нест, надоштан ва натавонистан аст. Ин Тоҷикистони кӯчак, ки даҳ милён ҷамъият дорад, Эронро бисёр мешиносад, то шумо моро. Албатта мо вақт ва замони зиёде барои ошноӣ бо шумо надоштем, вале шумо метавонистед моро бишносед. Рӯдакиро, ки ба унвони падари шеъри тоҷик мешиносед”.


Дар интиҳои суҳбат Гулрухсор Сафӣ таъкид кардааст, ки дӯст дорад соли оянда дар ғуфраи китоби Тоҷикистон китобҳо бо хати сирилик ва форсӣ ба намоиш гузошта шавад: “Ман хеле дилам мехост, ки ғурфаи Тоҷикистон бо китобҳои Тоҷикистони навин, ба хати ниёкон ва сирилик ҳузур дошта бошад. Ман рӯзона 16 соат бо хати сирилик кор мекунам. Хати форсӣ ҳамеша ҳамроҳи мо ҳасту мемонад. Соли гузашта китоби дубайтиҳои ман бо номи “Гули ханҷарӣ” ба забони форсӣ ва сирилик дар намоишгоҳ ҳузур дошт ва мавриди истиқболи хонандагони эронӣ қарор гирифт. Хонандагони эронӣ ифтихори ман ҳастанд. Масъулони ғурфа мегуфтанд, ки ҳар рӯз садҳо кас меомаданд ва суроғи китоби шуморо мегирифтанд. Хеле дӯст доштам, ки китобҳо бо ду хат чоп шаванд. Намедонам имсол аз Тоҷикистон ба намоишгоҳ чӣ хоҳем овард. Соли гузашта бисёр фаъол будем. Ман ояндаро бисёр рӯшан мебинам. Эронро хеле дӯст дорем, чун касе, ки вориди ин водӣ мешавад, ишқу муҳаббати модарии худро бо ҳар хат ва забоне пайдо мекунад. Нафт ва газ ва тило тамом мешавад, аммо неъмат ва сарвате ки боқӣ мемонад, ҳамин забону фарҳанги муштарак аст. Мо ҳеч иддаое надорем, аммо ба Эрон ва фарҳанги он ишқ дорем”.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед