Ru  | Tj
12 омӯзгор аз Тоҷикистон ғолиби марҳилаи аввали озмуни “Забони русӣ дар ИДМ” шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

12 омӯзгор аз Тоҷикистон ғолиби марҳилаи аввали озмуни “Забони русӣ дар ИДМ” шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

12 омӯзгор аз Тоҷикистон ғолиби марҳилаи аввали озмуни “Забони русӣ дар ИДМ” шуданд

Нашр шуд

Рӯзи 1-уми май натоиҷи марҳилаи VI озмуни байнулмилалии “Забони русӣ дар ИДМ – уфуқҳои нав” барои омӯзгорони забон ва адабиёти рус, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишварҳои узви ИДМ кор мекунанд, ҷамъбаст гардид.
 
Дар ин бора намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар дод.
 
Ба иттилоъи ин манбаъ, муаллифони иншоҳои беҳтарин дар мавзуъи «Муаллим-русшинос дар мактаби муосири миллӣ: таҷрибаи шахсӣ ва бозёфтҳои методӣ» ба даври дувуми озмуни мазкур роҳ ёфтанд.
 
Ғолибони озмун дар дарси маҳорат, ки аз сӯйи коршиносони варзидаи Русия баргузор мешаванд, иштирок карда, имкон пайдо мекунанд маводи видеоии худ дар мавзуъи «Ман бо шеър ҳиссиёти некро бедор кардам: дастоварди муаллим - муваффақияти донишҷӯ»-ро муаррифӣ кунанд.
 
Ҳамчунин ғолибони озмун бо диплом сарфароз шуда, бо сафари омӯзишӣ ба Русия фиристода мешаванд.
 
Гуфта мешавад, ки дар байни 93 нафар ғолиби марҳилаи аввали озмун 12 омӯзгори забони русӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд.
 
Бояд гуфт, ки ин лоиҳаро ташкилоти "Рисолати башардӯстонаи Русия" бо мусоидати созмони "Россотрудничество" роҳандозӣ кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед