Ru  | Tj
16-уми ноябр ғолибони озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" маълум мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

16-уми ноябр ғолибони озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" маълум мешаванд
Акс: Интернет

16-уми ноябр ғолибони озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" маълум мешаванд

Нашр шуд

Аз 8 то 12 ноябр финалии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, довталабони даври ниҳоии озмуни мазкур бояд 7-уми ноябр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балет аз қайд гузаранд.

Ин ниҳод меафзояд, ки 16-уми ноябр бо иштироки ғолибони озмун маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ба ҳайси аъзои ҳакамон масъулони соҳаи фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо интихоб шудаанд. 

Илова мегардад, ки мақсад аз роҳандозии озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав аст. 

Ҳамчунин, ғолибони озмун имкон пайдо менамоянд, ки ҳунару малакаи худро минбаъд аз рӯи барномаи давлатӣ тақвият диҳанд.

Дар Тоҷикистон тайи 3 сол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сурат мегирад. Имсол барои ташкил намудани озмуни мазкур 2 540 000 сомонӣ ҷудо гардидааст.


Театри Маяковскийи Тоҷикистон намоишномаҳои худро дар шаҳрҳои Русия пешниҳоди бинандагон менамояд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед