Ru  | Tj
40 ҳазор сомонӣ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

40 ҳазор сомонӣ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Акс: etot-prazdnik.ru

40 ҳазор сомонӣ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон барои ҳар як нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Маблағи мазкурро дар соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд, хабар медиҳад @SputnikTj бо такя ба иттилои Шӯрои собиқадорони Тоҷикистон.

Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳар яке аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам мондаанд. Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 24 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корманди ақибгоҳ умр ба сар мебаранд. Дар ин бора Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат ба @SputnikTj хабар дод.

 "Имрӯз дар ҷумҳурӣ 24 нафар иштирокчиёни ҷанг зиндаанд. Аз ин шумора 10 нафар дар Хатлон, 6 нафар дар Суғд, 3 нафар дар Душанбе ва 5 нафар дар НТҶ мебошанд", - гуфт вай.

Бар асоси оморҳои расмӣ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба сафҳои Артиши Шӯравӣ даъват шуда, беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ба шаҳодат расиданд. Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар набарду муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 намояндаи Тоҷикистон бо унвони баландтарин – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед