Ru  | Tj
7 медали ҷудокорони Тоҷикистон дар «Dushanbe Grand Slam 2024»

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

7 медали ҷудокорони Тоҷикистон дар «Dushanbe Grand Slam 2024»
Акс: АМИТ «Ховар»

7 медали ҷудокорони Тоҷикистон дар «Dushanbe Grand Slam 2024»

Нашр шуд

Дар рӯзи охири мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд. Ин чорабинии варзишӣ аз 3 то 5 май барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шуд.


Рӯзи 5-уми май мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудокор муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории расмии «Ховар».

Дар рӯзи охири рақобатҳо аз миёни варзишгарони Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов ( -100 кг)  медали биринҷии ин  мусобиқаро соҳиб шуданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ гардиданд. Дар баробари ин, ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ шуданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат намуданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалии ҷудо  37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) шомил буд.

Бояд гуфт, ки дар умум дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ «Dushanbe Grand Slam 2024» ҷудокорони Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (-60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (-66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (+100) медали нуқра ба даст оварданд.

Ҳамакнун ҷудокорони Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 10-12 май дар шаҳри Остона баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед