Ru  | Tj
Лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ” шароити мактабҳои вилояти Хатлонро беҳтар мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ” шароити мактабҳои вилояти Хатлонро беҳтар мекунад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ” шароити мактабҳои вилояти Хатлонро беҳтар мекунад

Нашр шуд

Барои беҳтар намудани шароити як қатор мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба миқдори 1,3 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаи грантӣ имзо шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 25-уми июни соли равон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори минтақавии Фонди байналмиллалии рушди кишоварзӣ Дина Салеҳ Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои лоиҳаи “Дастгирии ғизои мактабӣ”-ро имзо намуданд.

Маблағгузори лоиҳа Федератсияи Русия буда, он тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа, 28 мактаб дар вилояти Хатлон аз ҷиҳати ғизо ва шароити санитарию гигиенӣ таъмин мегарданд.

БАТР барои таъминоти гармӣ ба сокинони Душанбе дар фасли сармо 10 млн. доллар ҷудо кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед