Ru  | Tj
Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ зиёд карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ зиёд карда мешавад
Акс: Интернет

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ зиёд карда мешавад

Нашр шуд

Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пак Чон Су, Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ мулоқот намудааст.

Биноба ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Завқӣ Завқизода бо Пак Чон Су рӯзи 3-юми марти соли 2022 ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тавсеаи  муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират ба баррасӣ кашида шудаанд.

Таъкид мегардад, ки Завқӣ Завқизода ва Пак Чон Су ба мувофиқа расидаанд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ боло бурда шавад.

Ҳамчунин, миёни ҷонибҳо перомуни масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои самти иқтисоди рақамӣ, энергетика ва дигар бахшҳо аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ маблағҳои грантӣ ихтисос дода шавад.

Гуфта мешавад, ки Пак Чон Су ин пешниҳоди Завқӣ Завқизодаро қобили эътироф арзёбӣ намудааст ва ҳар ду тараф ҷиҳати татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳори омодагӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи октябри соли 2021 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Корея метавонад дар маблағгузории лоиҳаҳои калони нақлиётӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад.


Дар Душанбе бунёди як мактаби муосир барои 3500 хонанда оғоз мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед