Ru  | Tj
Ҳадяи Россотрудничество ба мактабони Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳадяи Россотрудничество ба мактабони Тоҷикистон

Ҳадяи Россотрудничество ба мактабони Тоҷикистон

Нашр шуд

Маркази илму фарҳанги Русия "Россотрудничество" тибқи барномаи федералии "Забони русӣ" ба мактаббачагони Тоҷикистон 11 ҳазор китоб ва васоити таълимӣ бо забони русӣ тақдим кард. 

Китобҳои ҳадяшуда байни мактабҳои вилояти Суғди Тоҷикистон, шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб ва Фархор дар доираи барномаи мазкур тақсим хоҳанд шуд.

Раиси Россотруднисество дар Тоҷикистон Иван Иванов аз таваҷҷуҳи беандоза ва сатҳи баланд нисбат ба забони русӣ дар Тоҷикистон дар ҳайрат монда қайд намуд, ки талабот ҳам дар мақомотҳо ва ҳам дар байни аҳолӣ меафзояд.

Мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон дар Конститутсия ҳамчун забони муошират байни миллатҳо сабт шудааст.

Баҳри боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф ҷоноби Иванов гуфтанд, ки "имсол мо ба нақша гирифтаем, ки дар заминаи санҷиш барои навомӯзон  курсҳои худро оғоз намоем".

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед