Ru  | Tj
Ҷаласаи Ҳукумат: Буҷети давлатӣ дар соли оянда беш аз 18 дарсад афзоиш меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Ҳукумат: Буҷети давлатӣ дар соли оянда беш аз 18 дарсад афзоиш меёбад
Акс: Sputnik

Ҷаласаи Ҳукумат: Буҷети давлатӣ дар соли оянда беш аз 18 дарсад афзоиш меёбад

Нашр шуд

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат масъалаи буҷети давлатӣ барои соли оянда баррасӣ гардид. 

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 25-уми октябр дар маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор гирифт. 

Гуфта мешавад, даромади умумии буҷет барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин дар қиёс ба соли ҷорӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё худ 18,6 дарсад бештар мебошад. 

Дар ҷаласаи Ҳукумат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки буҷети давлатӣ дар соли оянда бо дарназардошти амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД – 19 ба иқтисод, густариши бахшҳои воқеию зерсохторӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум барномарезӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, Ҳукумат дар соли оянда равонасозии беш аз 14,6 миллирад сомонӣ ё худ 43,7 дарсади буҷетро ба бахшҳои иҷтимоӣ пешбинӣ кардааст, ки он баробар ба 14 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.  

Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 баробар ба 27 млрд. 645,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки ба 29,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. 


Тасдиқи буҷаи парлумон барои соли 2021



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед