Ru  | Tj
Тасдиқи буҷаи парлумон барои соли 2021

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тасдиқи буҷаи парлумон барои соли 2021
Расм аз Parlament.tj

Тасдиқи буҷаи парлумон барои соли 2021

Нашр шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, буҷаи худро барои соли 2021 тасдиқ кард.  Барои ҳамаи кормандон ва ҳамаи хароҷотҳо смета ташкил карда шуд, ки дар асоси он беш аз  21 миллион сомонӣ ҷудо шуд.

Раиси комиссияи оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода сметаи мазкурро дар рафти ҷаласаи парлумон муаррифи кард.

“Басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 112 нафар ва басти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар пешниҳод шудаанд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Муртазозода.

Нисбат ба солҳои пешин дар сохтор ва басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва  басти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тағйирот ворид нашудааст.

Чанде пеш сметаи хароҷотҳои Маҷлиси миллӣ низ барои соли 2021 тасдиқ шуда буд, ки 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Эмомалӣ Раҳмон охирин ҷаласаи Ҳукуматро дар соли 2020 гузаронд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед