Ru  | Tj
Алиёр Ашӯрмамадов истеъфо дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Алиёр Ашӯрмамадов истеъфо дод
Акс: ftv.tj

Алиёр Ашӯрмамадов истеъфо дод

Нашр шуд

Сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон КМВА "Помир" Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти паиҳами ин даста дар Қаҳрамонии Тоҷикистон аз вазифаи худ канор рафт.

Иҷрои вазифаи сармураббии дастаро феълан Файзалӣ Давлатов бар уҳда гирифтааст.

Гуфта мешавад, мутахассиси 52-солаи тоҷик бо хоҳиши худ курсии сармураббиро тарк намудааст, ки дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба иттилои саҳифаи расмии даста, хабар медиҳад.

Дастаи “Помир” дар мавсими аввал се маротиба мағлуб шудааст.

Бояд гуфт, ки Алиёр Ашӯрмамадов шахси обрӯманди соҳаи футболи кишвар мебошад.

Барномаи “Рушди футболи деҳот” дар Тоҷикистон тасдиқ шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед