Ru  | Tj
Ҳалокати се шаҳрванди Узбекистон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳалокати се шаҳрванди Узбекистон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳалокати се шаҳрванди Узбекистон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Нашр шуд

Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар як рӯзи охир дар Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расид, ки дар ин миён 5 нафар узви як оила ва се нафарашон шаҳрванди Узбекистон ҳастанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки 2 июл дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мошини тамғаи “Daewoo Nexia”, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши “Камаз” бархӯрд. Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини садамадида берун оварданд ва ба кормандони милитсия супурданд.

Худи ҳамин рӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ин ҳодиса Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистонро огоҳ кард. 

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Рӯзи 2 июли сол дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавакти Поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи «Musso», ки аз ҷониби як сокини 32-солаи рустои Шавакти Поён идора мешуд, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд.

Бар асари ин садамаи мудҳиш, ронанда ва ҳамаи мусофирони мошин, ки узви як оила буданд (ронанда, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо), ба ҳалокат расиданд.  

Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои ахир ин дуввумин садамаи маргбор бо теъдоди зиёди қурбониён аст.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 27 июн дар як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб 7 сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса аз ҷумла як зан бо се фарзанди ноболиғаш ба ҳалокат расиданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед