Ru  | Tj
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд

Нашр шуд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири кор бо оила ва хизматрасониҳои иҷтимоии Туркия мулоқот намуд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 8-уми декабр дар шаҳри Анқара Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири кор бо оила ва хизматрасониҳои иҷтимоии ин кишвар Деря Яник дидор намуд.

Ба таъкиди ин ниҳод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи мавзӯи аҳамияти оила дар ҷомеа ибрози андеша кардаанд.

Ҳамзамон, зимни гуфтушунид намояндаи Тоҷикистону Туркия ба масъалаи густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти хоса зоҳир намудаанд.

Дар анҷоми дидор, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иҷрои бандҳои гуногуни Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи таҷриба роҳандозӣ гардад.

Тоҷикистон бо Туркия аз 29-уми январи соли 1992 то инҷониб дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ дорад.

Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед