Ru  | Tj
Амрико низомиёнашро пурра аз хоки Афғонистон берун кашид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико низомиёнашро пурра аз хоки Афғонистон берун кашид
Акс: Интернет

Амрико низомиёнашро пурра аз хоки Афғонистон берун кашид

Нашр шуд

Дар наворе аз ҷониби Пентагон охирин низомии амрикоие, ки Афғонистонро тарк кард, нишон дода шуд.

Амрико соли 2001 ба Афғонистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм ворид шуда буд ва инак баъди 20 соли “муборизаҳо” ба кори худ поён бахшид. Дар давраи ҳузури 20-солаи ИМА дар Афғонистон 2461 шаҳрванди ин кишвар кушта шудаву 20 ҳазор захмӣ шудаанд.

Лента.ру. хабар медиҳад, ки саҳнае аз тарки охирин низомӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и Пентагон  гузошта шудааст.

Дар аксе аз ин саҳна генерал-лейтинанд Крис Донахйу, фармондеҳи қисми ҳавоӣ-десентии 18-ум дида мешавад. Ӯ ба ҳавопаймои C-17 НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ)-ии ИМА бо туфанги ҳамлакунанда дар даст дар ҳоли савор шудан аст. 

Дар мавриди ин ки дар Афғонистон ҳеч низомии дигаре намондааст, шаби 30 ба 31-уми август сардори  Маркази фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи ИМА (USCENTCOM) генерал Кеннет Моккензи хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар тамоми давраи ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2461 низомӣ ва шаҳрвандони мулкии амрикоӣ кушта шуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, 20 ҳазор шаҳрванди ИМА захмӣ шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи гурӯҳи "Толибон" ҳам изҳорот дод, ки бо берун шудани нерӯҳои амрикоӣ Афғонистон комилан истиқлол ба даст овард. 

Рӯзи 15-уми август Толибон бо ворид шудан ба Кобул ҳукумати Афғонистонро ба ихтиёр дароварда ва инак тӯли 15 рӯз аст дар Афғонистон ҳукуматдорӣ мекунанд. Танҳо Панҷшер дар ихтиёри Толибон набуда, ҳоло дар ин минтақа ва баъзе атрофи он муборизаҳои зидди Толибӣ идома дорад.

Саркардаи гурӯҳи муқовимат бо Толиб фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмад Масъуд мебошад.



СММ: Тақрибан 60 дарсади овораҳои афғон дар се моҳи охир кӯдакон буданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед