Ru  | Tj
Арабистони Саудӣ ба ятимони вилояти Хатлон ва ВМКБ ҳар моҳ кӯмаки молӣ мерасонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арабистони Саудӣ ба ятимони вилояти Хатлон ва ВМКБ ҳар моҳ кӯмаки молӣ мерасонад
Акс: ASIA-Plus

Арабистони Саудӣ ба ятимони вилояти Хатлон ва ВМКБ ҳар моҳ кӯмаки молӣ мерасонад

Нашр шуд

Рӯзи 30-юми марти соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кӯмакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зери санад оид ба оғози лоиҳаи "Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон" дар соли 2022 даст гузоштаанд.

Маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад, ба воситаи лоиҳаи мазкур 600 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми 1 сол сарпарастӣ хоҳанд шуд.

Тибқи Созишнома ба ҳар як кӯдак корти бонкӣ кушода мешавад ва ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ бо қурби асъори сомонӣ ба онҳо интиқол меёбад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки рӯйхати кӯдакон аллакай аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ тартиб дода шуда, ҳуҷҷатҳои онҳо дар маҳзани иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сабт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми феврали соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кӯмакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” ба корти бонкии ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳар моҳ (то 1 сол) ба ҳаҷми 100 доллари ИМА маблағ гузаронида буданд.


Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш ба ятимон тӯҳфаю ба хизматчиёни ҳарбӣ хона тақдим намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед