Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш ба ятимон тӯҳфаю ба хизматчиёни ҳарбӣ хона тақдим намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш ба ятимон тӯҳфаю ба хизматчиёни ҳарбӣ хона тақдим намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш ба ятимон тӯҳфаю ба хизматчиёни ҳарбӣ хона тақдим намуд

Нашр шуд

Раисҷумҳури кишвар имрӯз 69 солагияшро ҷашн мегирад.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дошта, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ифтитоҳ шуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ ба истифода дода, ҳамзамон бо ятимон мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, ки 43 нафар ятимони шаҳри Кӯлоб аз Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои арзишманд гирифта, президент ба онҳо хушрӯзгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлатро орзу намуд.

Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.

Имрӯз як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ба мисоли Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, собиқ президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ , Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори рӯзи мелодаш табрик намуда, ба ӯ номаи шодбошӣ ирсол намуданд.




Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед