Ru  | Tj
Ҷавондухтари варзишгар узви Шӯрои Федератсияи ҷаҳонии бадминтон гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавондухтари варзишгар узви Шӯрои Федератсияи ҷаҳонии бадминтон гардид
Акс: Интернет

Ҷавондухтари варзишгар узви Шӯрои Федератсияи ҷаҳонии бадминтон гардид

Нашр шуд

Қаҳрамони дукаратаи бадминтон дар Тоҷикистон Рухшона Назруллоева ба узвияти Шӯрои Федератсияи умумиҷаҳонии бадминтон (BWF) дохил шуд.

То ин дам аз байни собиқ давлатҳои Шӯравӣ касе узви шӯрои мазкур нашудааст, шарҳ доданд дар Федератсияи миллии бадминтон.

Шӯрои BWF як гурӯҳи кории байналмилалӣ мебошад, ки стратегияи рушди бадминтонро дар саросари ҷаҳон муайян мекунад.

Худи Рухшона бадминтонро ҳамчун воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебинад ва барои истифодаи он мубориза мебарад. Тибқи гуфтаи ин ҷавондухтар Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавассути ҷалби занон ба варзиш барои ҳал намудани масъалаҳои гендерӣ таҷрибаи бой дорад.

Ҳоло бошад, Рухшона ин модели иҷтимоӣ ва варзиширо дар сатҳи ҷаҳонӣ санҷидан мехоҳад.

Имрӯз Федератсияи бадминтони Тоҷикистон дар мактабҳои варзишӣ 35 гурӯҳи варзишӣ ва зиёда аз 40 клубҳои доимӣ дар саросари кишвар дорад, ки зиёда аз 1200 нафар писарон ва духтаронро тамрин дода, ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ омода мекунад.



Охирин имконияти ҷудокорони тоҷик барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио - 2020


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед