Ru  | Tj
Ҳавопаймоҳои "Сибир" парвозро ба Тоҷикистон оғоз мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои "Сибир" парвозро ба Тоҷикистон оғоз мекунанд
Акс: Интернет

Ҳавопаймоҳои "Сибир" парвозро ба Тоҷикистон оғоз мекунанд

Нашр шуд

Мувофиқи нақшаи таҳрезишуда, аз 2 –уми июн ҳавопаймоҳои "Сибир" ба Тоҷикистон парвозҳоро оғоз мекунанд. Ба ин васила имконият фароҳам мешавад, ки парвозҳо аз Саратов ба Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб анҷом дода шавад.

Аммо ҷойи тазаккур аст, ки дар фурудгоҳи Саратов "Гагарин" шаҳрвандони Тоҷикистон аз санҷиш барои нишонаҳои сирояти коронавирус мегузаранд. Дар ин бора Олга Кожанова, сардори раёсати минтақавии Роспотребнадзор, дар ҷараёни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсоз хабар дод.

Мавсуф тавзеҳ дод, ки таваҷҷӯҳи зиёд ба тоҷикон бо барқарор шудани парвозҳо байни Саратов ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ марбут аст.

"Хавфҳои иловагии воридоти сироят ба минтақа вуҷуд доранд. Мо набояд ба чунин ҳолат роҳ диҳем. Ҳама тавсияҳои мо бояд риоя шаванд", - гуфт Кожанова.

Бинобар гуфтаи Кожанова, кормандони Роспотребнадзор шаҳрвандони Тоҷикистонро тафтиш мекунанд.

Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январи соли равон пирӯзӣ бар коронавирусро эълом кард. Аз мавсими зимистон то инҷониб дар кишвар ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас менамоем, ки ҳаракати мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 1 –уми апрели соли 2021 барқарор карда шуд.

Барои парвоз ба Федератсияи Русия, ба шаҳрвандони хориҷӣ шаҳодатномаи набудани коронавирус, ки на дертар аз се рӯз пеш аз омадан дода шудааст, инчунин пас аз омадан аз ду санҷиши COVID-19 лозим аст.



Русия маҳдудиятро сабук намуд: ба киҳо иҷозати вуруд дода мешавад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед