Ru  | Tj
Аввалин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар шаҳри Женева муаррифӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар шаҳри Женева муаррифӣ гардид
Акс: Интернет

Аввалин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар шаҳри Женева муаррифӣ гардид

Нашр шуд

Дар давраи 9 соли узвияти Тоҷикистон дар  Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС)  ҳаҷми содироти кишвар ду маротиба, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,1 баробар ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаҳои нахустин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СҶС, ки дар шаҳри Женева баргузор гардид,  оид ба  дастовардҳои нуҳсолаи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ маълумот пешниҳод намудааст.

Ба зикри манбаъ, Завқизода дар рафти ҷаласа изҳор доштааст, ки сарфи назар аз таъсири пайомадҳои омилҳои беруна, аз қабили бӯҳронҳои иқтисодию молиявӣ, ихтилофҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии як қатор давлатҳо ва хурӯҷи бемории COVID-19 дар ҷаҳон, ҳаҷми содироти молу маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон бамаротиб афзоиш намудааст.

Таъкид мегардад, ки Вазир ба беш аз 156 саволҳо ва изҳороти давлатҳои аъзои СҶС посух додааст.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки дар нишастҳо дастовардҳои Тоҷикистон дар самти савдо ва фаъолияти он дар чаҳорчӯби СҶС аз ҷониби Раисикунандаи ҷаласаҳо Сафири Ботсвана дар назди СҶС ва муҳокимакунандаи нахустин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаҳо Таеҳо Ли арзишманд баҳогузорӣ шудааст.

Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар 9 соли узвият дар СҶС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона ширкат варзида, рушди миёнасолонаи иқтисодиро  7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10 фоиз таъмин намудааст.

Илова бар ин, дар ҷаласаҳои мазкур Федератсияи Русия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Сингапур, Аргентина, Канада, Казоқистон, Исландия, Украина ва Доминикан иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистонро дар назди СҶС тавсиф намуда, онро натиҷабахш арзёбӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 6-8 уми декабри соли 2021 дар шаҳри Женеваи Швейтсария аввалин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СҶС бо иштироки намояндагони 164 кишвари узви созмон баргузор гардид.


Дар Душанбе масъалаи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа баррасӣ гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед