Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалину охирин Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав даргузашт
Нашр шуд
Нахустин ва ягона Президенти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачëв дар 91-солагӣ дар Маскав даргузашт.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, шаби гузашта Михаил Горбачёв дар Бемористони марказии клиникии шаҳри Маскав аз олам чашм пӯшид.
Михаил Сергеевич Горбачёв дар Ставропол дар оилаи деҳқон таваллуд шуда ва пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав тамоми ҳаёти худро ба кори ҳизбӣ ва давлатӣ бахшида буд.
Горбачëв солҳои 1985-1991 котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Баъдтар ҷаласаи сеюми фавқулодаи вакилони халқи ИҶШС ӯро 15-уми марти соли 1990 Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб кард.
Аммо дар пайи авҷ гирифтани нооромиҳо шаби 18-уми августи соли 1991 намояндагони роҳбарияти олии Шӯравӣ бо сардории ноиби президенти СССР Геннадий Янаев Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода дар ИҶШС (ГКЧП)-ро таъсис дода, президент Горбачёвро аз қудрат барканор намуданд.
Баъди аз мақоми Президенти ИҶШС дар таърихи 24-уми декабри соли 1991 истеъфо доданаш вай соли 1992 Фонди Горбачёвро таъсис дод ва то дами марг роҳбари он буд.
Дар давраи Михаил Горбачёв ҷанги Афғонистон (1989) боздошта шуд ва Ҷумҳурии Олмон (1990) муттаҳид гардид. Робитаҳои хориҷӣ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Британияи Кабир, Хитой, ИМА беҳтар шуд. Вай барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1990 буд.
Аммо бархе аз коршиносон Горбачëвро ба фурӯпошии кишвари бузурги Шӯравӣ айбдор медонанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед