Ru  | Tj
Ҳайати соҳибкорони хатлонӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия рафтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайати соҳибкорони хатлонӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия рафтанд
Акс: ASIA-Plus

Ҳайати соҳибкорони хатлонӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия рафтанд

Нашр шуд

Ҳайати соҳибкорони хатлонӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Хатлон ва ба манзури дарëфти роҳҳои густариши равобити тиҷорӣ ба Туркия рафтанд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳайати  иборат аз шаст нафар соҳибкорон ва мақомдорони хатлонӣ аз минтақа ва шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбули Туркия дидан мекунанд ва сафари онҳо то 18-уми сентябр идома меëбад.

Гуфта мешавад, ин ҳайат бо корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми туркӣ ошно гашта,  таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Манбаъ меафзояд, дар чаҳорчӯби сафари ҳайати Тоҷикистон ба Туркия ҳамчунин дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса Форуми байниминтақавии вилояти Хатлон ва минтақаҳои Туркия ва дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои кории соҳибкорони ду кишвар баргузор мегарданд.

Азми роҳандозии ҳамкориҳои густарда бо Ҷумҳурии Туркия дар ҳолест, ки қаблан мақомоти расмии вилояти Хатлон хабар дода буданд, давоми панҷ соли оянда дар шаҳру навоҳии ин вилоят ҳудуди 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бар пояи омори расмӣ, соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил додааст.

Ҳафтаи гузашта ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба вилояти Хатлон омада буд.


Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед